
ХОВАЛИНГ: 24-уми Феврали соли 2026 муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ дар ноҳияи Ховалинг аз намоишгоҳи молу маҳсулот, ҳунарҳои миллӣ, дастоварду муваффаққиятҳои сокинони ноҳияи Ховалинг дидан намуданд.
Дар намоишгоҳ сокинони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, кормандони ташкилоту муассисаҳо натиҷаи маҳорати дӯзандагӣ, чеварӣ ва гулдӯзӣ, пухтупази шириниҳо ва таомҳои миллиро ба маърази тамошо гузоштанд.
Раҳмонзода Абдулло аз ин намоишгоҳ дидан намуда, бо маҳорату истеъдоди ҳунармандӣ ва дастовардҳои сокинони ноҳия шинос гардида, ба онҳо баҳои баланд дод.
Ҳамчунин дар ин намоишгоҳ Раҳмонзода Абдулло аз маҳорату истеъдоди варзишгарони мактаби варзишии ноҳия дидан намуда, таъкид намуданд, ки ҳарчи бештар талош намудан зарур аст, ки ҷавонон дар соҳаи варзиш ба комёбиву муваффақиятҳои бештар ноил гарданд.

















