БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ВОХӮРИИ МУОВИНИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

ХОВАЛИНГ: Саннаи 24 феврали соли 2026 дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Ховалинг вохӯрии муовини раии вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ бо фаъолони ноҳияи Ховалинг баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин Тоҷиддин, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, муовинони раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳ, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъба ва бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва маҳаллаҳои ҳудуди онҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ, эмомхатибони масчидҳои панҷвақта ва ҷмеъи ноҳия, ҷавонон ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ зимни баромадашон вобаста ба созандагиву бунёдкорӣ суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки дар ноҳияи Ховалинг нисбат ба чор сол пеш беҳбудиву пешравиҳо дар ҳама самтҳо дида мешавад. Ҳамзамон таъкид намуданд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат бобати «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» мебояд, ки суҳбату вохӯриҳоро тариқи усули «Хона ба хона» бештар ба роҳ монда, ободиву созандагиро аз хонаҳои истиқоматӣ, кучаву маҳаллаҳо оғоз намоем. Яъне оиди таъмиру навсозии деворҳои канори роҳ, рангубор намудани намои берунии хонаҳои истиқоматӣ, бо тарҳи замонавӣ сохтани ҷойи дастшӯӣ ва ғайраҳо дастур доданд. Ҳамчунин гурӯҳҳои кориро зарур аст, ки бо сокинон бобати самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ бо бардоштани ду-се ҳосил ва захираи дусолаи хурока суҳбат ороянд.
Дар ин раванд Раҳмонзода Абдулло аз фаъолон, гурӯҳҳои корӣ бо усули «Хона ба хона» таъкид бар амал оварданд, ки мунтазам бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо вохӯрӣ доир намуда, онҳоро бобати тарбияи дурусти фарзандон, ба мактаб ҷалб намудани онҳо, омода намудани шароити дарстайёркунӣ ва таъмини фарзандон бо асбобҳои хонишу либоси мактабӣ, назорати фарзандон оиди истифодабарии телефонҳои мобилӣ ва ғайраҳо таъкид намоянд. Ҳамчунин фаъолони ноҳия, раисони деҳаву маҳаллаҳоро зарур аст, ки дар ҳама самт фаъол буда, оиди дастгирии оилаҳои ниёзманд, пешгирӣ аз пошхӯрии оилаҳои ҷавон, риояи қонунҳои миллӣ, сарфаву сарриштакорӣ дар оила, рушди ҳунармандӣ, ба хондану касбомӯзӣ ҷалб намудани духтарон, ҳифзу нигоҳдории фарҳангу оинҳои миллӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллии тоҷикӣ ва аз байн бурдани таассубу хурофот бо мардум суҳбат ороста, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Вобаста ба мақсаду ҳадафҳои ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва гурӯҳхои ба онҳо ҳамкорӣ дошта, аз ҷумла гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, ки ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фарҳангу оини моро аз байн баранд, Раҳмонзода Абдулло зимни вохӯрӣ суханронӣ намуд. Дар ин раванд ба эмомхатибони масчидҳои панҷвақта ва ҷомеъи ноҳия дастур доданд, ки зимни мавъиза ва маърӯзаи худ бо намозгӯзорон бобати мақсаду ҳадафҳои гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва хоинони миллат, ки бештар аз дини ислом ва равияҳои гуногун истифода мебаранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.
Дар охир раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин Тоҷиддин суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки мо мардуми сарбаланди ноҳияи Ховалинг дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани ҳар як дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бобати рушд додани корҳои ободониву созандагӣ талош варзида, саҳми назарраси худро мегузорем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас дар самт, аз ҷумла самти ободонӣ ва бунёдкориҳо таҷлил намоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон