БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА ТАҲТИ УНВОНИ «ИН ВАТАНРО САБЗУ ХУРРАМ МЕКУНЕМ»

Дар доираи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидани соли 2026 ва сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг баҳри тақвият бахшидани корҳои тозагиву кабудизоркунӣ, дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии маркази ноҳия шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.

Дар ин чорабинии дастаҷамъона коллективи кормандони ташкилоту муассисаҳо, хусусан кормандони шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, идораи шаҳрдорӣ, маркази давлатии санитарию эпидемиологӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳо, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкат намуда, баҳри сарсабзу хуррам гардонидани маркази ноҳия, бехи дарахтони ороиширо нарм намуданд. Дар ин раванд ҳашарчиён ҷойи гулҳои лола ва дигар гулҳои ороиширо нарм намуда, баҳри шинонидан омода карданд.

Дар шанбегии дастаҷамъона Раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин Тоҷиддин, муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Раҳимзода Сулаймон Абдулфатоҳ, муовини раиси ноҳия Олимзода олимхуҷа , роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Маҳмудзода Изатулло ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Чунин шанбегиву ҳашарҳои дастаҷамъона мунтазам дар рӯзҳои мусоиди офтобӣ дар деҳаву маҳаллаҳо ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда мешавад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон