
Бо мақсади тақвияту таҳким бахшидани корҳои таблиғотӣ ва дар амал татбиқ намудани корҳои ободониву созандагӣ Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода бо сокинони кучаи 8-уми марти Ҷамоати шаҳраки Мунк тариқи усули «Хона ба хона» оростанд. Наврӯз Ҳусейнзодаро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Раҳимзода Сулаймон Абдулфатоҳ, муовини раиси ноҳия Олимзода Олимхуҷа ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Садафмо Назарова ҳамроҳӣ намуданд.
Сокинони кучаи мазкур тариқи суҳбат бобати тарбияи дурусти фарзандон, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист, кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, самаранок истифода намудани замини наздиҳавлигӣ, истифодаи дурусти неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодашуда, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва ғайраҳо аз масъулин тавсияҳои судманд гирифта, иброз доштанд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани мавзуъҳои гуфташуда, саҳми муносиб мегузоранд.
Чунин суҳбату вохӯриҳои масъулин метавонад сокинонро баҳри дар амал тадбиқ намудани корҳои созандагиву бунёдкорона ва иҷрои талаботҳои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат боз ҳам руҳбаланд созад.

















