БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ИДОМАИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ МУОВИНИ РАИСИ КИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ТАРИҚИ УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА»

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Раҳимзода Сулаймон Абдулфатоҳ, муовини раиси ноҳия Олимзода Олимхуҷа, мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг Садафмо Назарова ва дигар шахсони масъул шомил буданд, дар маҳаллаи Обшорони Ҷамоати шаҳраки Мунки ноҳияи Ховалинг тариқи усули «Хона ба хона» бо сокинон суҳбат оростанд.

Мавзӯи суҳбатро саҳм гузоштан дар рушду ободонии деҳаву маҳалла ва вусъат бахшидани корҳои созандагиву ободонӣ фаро гирифт.

Гурӯҳи корӣ бо сокинон бобати тарбияи дурусти фарзандон, тозаву озода нигоҳ доштани маҳали зист, кабудизоркунӣ, шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, самаранок истифода намудани замини наздиҳавлигӣ, истифодаи дурусти неруи барқ ва пардохти саривақтии маблағи истифодашуда, тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ, ҷалби фарзандон ба китобхонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва ғайраҳо суҳбат оростанд.

Чунин суҳбату вохӯриҳои масъулин метавонад сокинонро баҳри дар амал тадбиқ намудани корҳои созандагиву бунёдкорона ва иҷрои талаботҳои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат боз ҳам руҳбаланд созад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон