
Дар доираи татбиқи сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Китоб барои муҳофизони Ватан» баргузор гардид.
Аксияи мазкур ба ифтихори 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, ҳадафи он тақвияти маърифати сиёсӣ, ҷаҳонбинӣ ва боло бурдани сатҳи донишҳои сарбозону афсарони Қувваҳои мусаллаҳ мебошад. Дар доираи ин иқдом ба муҳофизони Ватан аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ба афсарону сарбозон зиёда аз 100 адад китобҳои гуногунжанр - аз адабиёти бадеӣ то китобҳои таърихию ватандӯстона тақдим карда шуд.
Ташкили чунин аксияҳо бозгӯи таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии ҳизб ба рушди маънавии хизматчиёни ҳарбӣ буда, дар баробари таъмини омодагии касбӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ низ саҳми назаррас мегузорад. Зеро китоб ҳамчун сарчашмаи маърифат метавонад дар ташаккули шахсияти солим, ҷаҳонбинии васеъ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ нақши калидӣ бозад.
Қобили зикр аст, ки ин гуна иқдомҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ баргузор гардида, фарогирии васеъ касб намудаанд. Бо роҳандозии чунин чорабиниҳои маърифатпарварӣ робитаи маънавии ҷомеа бо Қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам таҳким ёфта, эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба хизматчиёни ҳарбӣ бештар мегардад.
Аксияи «Китоб барои муҳофизони Ватан» намунаи равшани ҳамгироии арзишҳои фарҳангӣ ва ватандӯстӣ буда, бори дигар собит месозад, ки маърифат ва дониш пояи устувори амният ва суботи ҷомеа мебошанд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, “Ҳамрози халқ”


















