
18 феврал, сафари кории Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода ба ноҳияи Восеъ сурат гирифт.
Дар доираи ин сафар Маликшо Неъматзода бо ҳамроҳии Саидзода Ҷам
шед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ ва Фарзона Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, нахуст аз Осорхонаи Ҳулбук дидан намуданд.
Зимни шиносоӣ бо толорҳои намоишӣ ва бозёфтҳои таърихӣ, иттилоъ дода шуд, ки Осорхонаи Ҳулбук яке аз марказҳои муҳими фарҳангиву маънавии минтақа ба шумор рафта, дар муаррифии тамаддуни бостонии халқи тоҷик нақши арзанда дорад. Нигораҳои осорхона таърихи давлати Ҳулбук ва дастовардҳои меъмориву фарҳангии асрҳои миёнаро бозгӯ менамоянд.
Зимни боздид ба сатҳу сифати нигоҳдории ёдгориҳои таърихӣ ва шароити фароҳамовардашуда барои сайёҳону муҳаққиқон баҳои баланд дода шуда, таъкид гардид, ки ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ омили муҳими таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, зимни суҳбат бо кормандони Осорхона масъалаҳои ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърихи
миллӣ, рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва тақвияти корҳои тарғиботиву маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Қайд гардид, ки сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат ва давлату Ҳукумати кишвар, хусусан дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ заминаи мусоидро барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва густариши корҳои созандагӣ фароҳам овардааст. Пас аз боздиди Осорхона, Маликшо Неъматзода бо собиқадорон вохӯрии самимӣ баргузор намуд. Дар мулоқот Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши арзишманди собиқадоронро дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа таъкид намуд. Ҳамзамон, собиқадорон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи ин сафар, ҳамчунин ҳайати меҳмонон дар чорабинии бошукӯҳи сиёсӣ-фарҳангӣ бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 13483-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Восеъ иштирок намуданд.
Нахуст, ҳайати меҳмонон аз шароити буду боши афсарону сарбозон ва ҷойи хобу китобхона дидан намуданд. Дар рафти ҳамоиш Маликшо Неъматзода, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии
Тоҷикистон изҳор доштанд, ки Артиши миллии Тоҷикистон дар як марҳилаи ҳассосу сарнавиштсоз таъсис дода шуда, оғози он ба даврае рост омад, ки вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар мураккаб буд.
Таъкид гардид, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ ва дар шароите, ки кишварро буҳрони шадиди ҳарбию сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ фаро гирифта буд, Тоҷикистон ба таъсиси Артиши миллии худ иқдом намуд. Дар он айём барои таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳ на заминаи мукаммали моддиву техникӣ вуҷуд дошт ва на сохтори омодаи низомӣ. Яъне, Артиши миллии мо воқеан аз сифр, дар заминаи холӣ бунёд гардид. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии Роҳбари давлат ва ҳисси баланди масъулияти фарзандони ватандӯст, пояҳои Артиши миллӣ тадриҷан устувор карда шуданд.
Дар идома Раҳмонзода Абдулло низ сарбозону афсаронро бо ин санаи таърихӣ табрик гуфта, аз нақши калидии Қувваҳои Мусаллаҳ дар таъмини амният ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ёдовар шуд.
Дар охир барои хизмати софдилона, интизоми намунавӣ ба як қатор афсарону сарбозон сипосномаи ҳизбӣ тақдим карда шуд. Мавриди зикр аст, ки дар қисмати фарҳангии чорабинӣ ба сарбозон дастурхони идона ороста шуда, бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ чорабинӣ анҷом ёфт.
Ҳамин тавр нимаи дуюми рӯз дар Қасри фарҳанги ноҳия ба номи Қурбоналӣ Раҳмонов бо иштироки Маликшо Неъматзода, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакат бо фаъолон ҳамоиши ҳизбӣ доир гардид. Ёдовар мешавем, ки дар ҳамоиши ҳизбӣ, инчунин Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилоят, Ҷамшед Шарифзода, раиси ноҳияи Восеъ, Фарзона Неъматзода, раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, фаъолон, вакилон, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.
Маликшо Неъматзода зимни ибрози андеша зикр намуд, ки Паёми навбатии Президенти кишвар дар марҳилаи барои халқи Тоҷикистон ниҳоят муҳим ва таърихӣ - давраи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ироа гардид. Паём ҳамчун санади стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро мушаххас менамояд.
Қайд гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Паём ба рӯйдодҳои муҳими сиёсӣ, аз ҷумла интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аҳамияти онҳоро дар таҳкими пояҳои демократии давлатдорӣ муҳим арзёбӣ карданд.
Сипас, Раҳмонзода Абдулло, муовини раиси вилоят ироа дошт, ки Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва башарӣ, дӯст доштани Ватан, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули шахсияти дорои ахлоқи ҳамида, масъулиятшинос ва созанда вазифаи муҳими давлат, ҷомеа ва оила арзёбӣ гардид. Зикр шуд, ки тавассути Паёмҳо ва суханрониҳои ҳамасола ҷомеа ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин раҳнамоӣ мешавад.
Дар охир як қатор фаъолон барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҳизб сарфароз гардонида шуданд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, “Ҳамрози халқ”


















