БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ҲАМОИШИ ҲИЗБИЁН ШАҲРИ БОХТАР ТАҲТИ УНВОНИ “ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ- САНАДИ МУҲИМИ СТРАТЕГӢ БАРОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН”

БОХТАР: 17 феврали соли 2026 дар толори муассисаи “Ғайридавлатии таълимии Коллеҷи тиббӣ - инаватсионии” шаҳри Бохтар, ҶСК “Саодат” вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ Маҳмадализода Шукрона – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ташрифзода Амирали Сафаралӣ- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Қосимзода Солеҳа – раиси шурои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Зардова Дилафрӯз – раиси ташиклоти ибтидоии “Саодат” ва аъзои ҳизб иштирок ва суханрони намуданд.

Сипас, Маҳмадализода Шукрона - муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба аҳамияти Паём ва ҷойгоҳи он дар рушду пешрафти кишвар ибрози андеша намуда, доир ба таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум, пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ҷавонону варзиш ва сайёҳӣ, рушди муносибати дӯстию ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ, саҳми бахши хусусӣ дар пешрафти кишвар, бунёди Маркази тамаддуни ориёӣ ва бунёд кардани Маркази байналмилалии Наврӯз, беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаи энергетика ва дигар самтҳои ҳаётан муҳим, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ибрози андеша намуд.

Дар идома Ташрифзода Амирали Сафаралӣ -раиси Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Бохтар вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии кишварро муайян намуда, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими давлатдорӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоид фароҳам меорад, баромад намуданд.

Қайд гардид, ки ин ҳуҷҷати муҳим на танҳо натиҷаҳои рушди кишвар ва вазифаҳои минбаъдаро баррасӣ менамояд, балки ҳамчун муждаи саодат ва чароғи ҳидоят, барои ҳамбастагии миллат ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ хизмат мекунад.

Дар Паёми имсола, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои истифодаи оқилона ва самарабахши иқтидорҳои истеҳсолӣ ва захираҳои мавҷуда таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардидааст. Дар он зарурати риояи сарфакорӣ, роҳандозии корхонаҳо ва иқтидорҳои нави саноативу энергетикӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва хизматрасонӣ, инчунин дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорӣ ва пешгирӣ аз ҳама гуна исрофкорӣ ҳамчун самтҳои афзалтар муайян шудаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон