
Имрӯз, 16 феврал, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ таҳти унвони «Артиши миллӣ - неруи пояндаи давлат» баргу
зор гардид.
Дар ҳамоиш Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Бахтовар Салоҳзода, командири қисми ҳарбии мазкур, муовинони раис, кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Нахуст, ҳайати меҳмон аз намоиши ҷузъу томҳои қисми ҳарбӣ, бозиҳои шавқовари варзишии футболу волейбол ва шоҳмот, инчунин аз толори варзишӣ, ошхона ва ҷойи хоби сарбозон дидан намуда, бо чанде аз онҳо доир ба рафти хизмат дар сафи Артиши миллӣ суҳбат карданд. Ҳамчунин, барои бозиҳои варзишӣ ба афсарону сарбозон туҳфаҳо, аз қабили тӯбҳои фу
тбол ва волейбол, шоҳмоту шашка ва либосҳои варзишӣ тақдим гардид.
Сипас, ҳайати меҳмонон дар ҳузури сарбозону афсарон оид ба иқдомҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъсис ва пурқувватгардонии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ибрози андеша намуданд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зимни суханронии хеш тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати 33-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфта, ироа дошт, ки сарбозону афсарони шуҷоъи Ватан дар таъмини сулҳу суботи кишвар, ҳимояи марзу буми Ватан нақши басо созгор доранд. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҳар як ҷавонмард боиси ифтихор ва шараф мебошад, зеро хизмат мактаби мардонагиву ватансозист. Хушбахтона, имрӯз бо талошҳои ҳамаҷонибаи Президенти кишвар, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити созгор дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ барои афсарону сарбозон таъмин мебошад.
Дар интиҳои сухан Саидзода Ҷамшед Ҳамро ба волидайни ҳар як сарбоз барои тарбия намудани чунин фарзандони бонангу номус ва сафарбар кардани онҳо ба хизмати ҳарбӣ изҳори сипосмандӣ намуд.
Абдулло Раҳмонзода, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханронӣ изҳор дошт, ки сол аз сол шароит ва имкониятҳои моддию техникӣ дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар мегардад. Бояд қайд намоям, ки Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки Қувваҳои муссалаҳи кишварро дар як шароити бисёр мурракаби сиёсию иқтисодӣ таъсис доданд. Бо гузашти 33 сол сохторҳои низомии мо бо шароити муосири аз лиҳози техникию тактикӣ таъмин гардида, рисолати худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро менамоянд. Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи ҷавонмардии ҳар фарди соҳибмеҳан мебошад.
Амиралӣ Ташрифзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати таъсисёбии Қувваҳои муссалаҳи кишвар, ки ҳамасола санаи 23 феврал ҷашн гирифта мешавад, шодбош гуфт.
Зимнан, дар ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ ба Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Меҳроҷ Раҳимзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи ирҷоияи ҲХДТ дар вилоят барои ҳамкориҳои пайваста медали ҷашнии 30-солагии Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Инчунин, якчанд афсарону сарбозони қисми ҳарбӣ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадршиносӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои афсарону сарбозони қисми ҳарбии 3503-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дастархони идона ороста шуда, бо барномаи фарҳангӣ хотири хизматчиёни ҳарбӣ шод гардонида шуд.
Амонҷон МУҲИДДИНОВ “Ҳамрози халқ”


















