БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲӢ КОРИИ УСУЛИ «ХОНА БА ХОНА» ВА ҶОННОК НАМУДАНИ КОР ДАР ИН САМТ

ХОВАЛИНГ: Нимаи дуюми рӯзи 13 феврали соли 2026 дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти Раёсати Муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Наврӯз Ҳусейнзода ҷаласа баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа муовини раиси ноҳияи Ховалинг оид ба соҳаи идеологӣ Олимзода Олимхуҷа, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Раҳимзода Сулаймон Абудлфатоҳ, гурӯҳҳои таблиғотӣ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ дар деҳаву маҳаллаҳо, ва дигар фаъолон, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ҳадафи баргузор намудани ҷаласа натиҷагирӣ аз фаъолияти кори усули «Хона ба хона» ва ҷоннок намудани кор дар ин самт буд.

Дар ҷаласа фаъолияти гурӯҳҳои корӣ муҳокима карда шуда, аз тарафи Раёсати маҷлис пешниҳод гардид, ки бобати вусъат ёфтан ва ҷараёни корҳо дар ин самт миёни деҳаву маҳаллаҳо Озмуни ноҳиявӣ таҳти унвони «Ободониву созандагӣ мароми мост» баргузор карда шавад.

Низомномаи озмун ба ҳозирин пешниҳод карда шуд ва иштирокчиён якдилона ин таклифу пешниҳодро ҷонибдорӣ карда, фикру ақида ва пешниҳодҳои худро баҳри боз ҳам ҷолибтар роҳандозӣ намудани озмуни мазкур ва ба ин васила тез намудани суръати корҳои ободониву созандагӣ иброз доштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон