
ХОВАЛИНГ: Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат бахшидани корҳои ободониву созандагӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин оиди эълон гардидани «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» гурӯҳҳои кории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг, аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократи
и Тоҷикистон дар маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Мунк ва деҳоти Ҷомбахт бо сокинон тариқи усули «Хона ба хона» вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрии мазкур гурӯҳои кориро намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз, тозаву озода ва равшаннамоии кучаву маҳаллаҳо, сангфарш намудани роҳҳои байни маҳалла, ташкили маъаркаҳои кабудизоркунӣ ва шинонидани дарахту буттаҳо ва гулҳои ороишӣ, тарбияи дурусти фарзандон, назорати онҳо бобати истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, арҷ гузоштан ба расму оин ва фарҳанги миллӣ, аз байн бурдани таассубу хурофот ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуданд.


















