
12 феврали соли ҷорӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат - санади муҳими стратегӣ барои фардои дурахшон” баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиши ҳизбӣ ҳайати меҳмонон бо собиқадорони соҳаи тандурустӣ мулоқот намуда, барои саҳми арзандаи онҳо дар ҳифзи солимии ҷомеа изҳори сипо
с карданд. Қадрдонии хизматҳои чандинсолаи табибон ва кормандони соҳа ҳамчун нишонаи эҳтиром ба заҳмати фидокорона ва масъулиятшиносии онҳо арзёбӣ гардид.
Дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз фаъолияти шуъбаҳои беморхона боздид ба амал оварда, бо беморон суҳбати самимӣ анҷом дод. Зимни суҳбат раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб таъкид намуд, ки беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба шумор меравад.
Сипас, дар толори беморхонаи мазкур ҳамоиш оғоз гардид, ки дар он дар баробари Саидзода Ҷамшед Ҳамро, инчунин Ташрифзода Амиралӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Холмирзо Давлатзода, сардухтури Беморхонаи клиникии вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов ва Солеҳа Қосимова, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок ва суханронӣ намуданд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро самтҳои асосии Паёми Президенти мамлакатро мавриди таҳлил қарор дода, изҳор дошт, ки эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» марҳалаи нави сиёсати давлатро дар самти рушди ҳамаҷонибаи кишвар ифода менамояд. Ба гуфтаи ӯ, ин иқдом идомаи мантиқии дастовардҳои солҳои қаблӣ буда, ҳамзамон посух ба талаботи замони муосир ва равандҳои ҷаҳонишавӣ мебошад.
Қайд гардид, ки корҳои ободонию созандагӣ дар шароити имрӯза ҳамчун омили муҳими беҳбуди сатҳи зиндагии мардум ва таҳкими пояҳои иқтисодӣ арзёбӣ мегарданд. Бунёди роҳҳо, мактабҳо, муассисаҳои тандурустӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ на танҳо муҳити зистро ободу зебо мегардонад, балки ба рушди соҳибкорӣ, фароҳамсозии ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими эътимоди шаҳрвандон ба фардои дурахшон мусоидат мекунад.
Зикр шуд, ки тибқи таъкиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар даҳ соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар кишвар 1300 иншооти соҳаи тандурустӣ ба маблағи беш аз 5,3 миллиард сомонӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст ва ин нишондиҳанда аз таваҷҷуҳи хоссаи давлат ба соҳаи ҳифзи саломатии аҳолӣ шаҳодат медиҳад.
Солеҳа Қосимова зикр намуд, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо далелу рақамҳои мушаххас таҳлил гардиданд. Ба таъкиди ӯ, масъалаи ободонӣ, эҳтиром ба фарҳанг ва анъанаҳои миллӣ ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлат қарор дошта, бояд аз ҷониби ҳар як шаҳрванд дастгирӣ ёбанд.
Ташрифзода Амиралӣ Паёми Пешвои миллатро ҳуҷҷати муҳими стратегӣ арзёбӣ намуда, изҳор дошт, ки он самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро муайян месозад. Қайд гардид, ки Паём ҳамчун барномаи мукаммали амал барои тамоми сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеа роҳнамои асосӣ маҳсуб меёбад.
Холмирзо Давлатзода, сардухтури беморхона зимни баромади хеш иброз дошт, ки соҳаи тандурустӣ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат дар Паём мавқеи муҳим дорад. Баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба муассисаҳои муосир, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва ҷорӣ намудани технологияҳои нав аз ҷумлаи вазифаҳои калидӣ ба ҳисоб мераванд, ки татбиқи онҳо ба ҳифзи солимии ҷомеа ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар анҷоми ҳамоиш барои фаъолияти пурсамар ва саҳми арзанда дар татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба як қатор табибони фаъол сипосномаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб тақдим гардид.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, “Ҳамрози халқ”


















