БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МАЪРАКАИ НИҲОЛШИНОНӢ ДАР ХУРОСОН

Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар шафати роҳи Бохтар-Душанбе дар ноҳияи Хуросон маъракаи ниҳолшинонӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Мавриди зикр аст, ки маъракаи ниҳолшинонӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026-“Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, иқдоми навбатии узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зери унвони «300 рӯзи созандагиву бунёдкорӣ ва масъулият барои ояндаи дурахшони Ватан» ва ташаббуси ҳизбии “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ” бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин маъракаи ниҳолшинонӣ роҳбарият ва кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Хуросон, Ёвон ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Қобили қайд аст, ки тибқи нақшаи тасдиқгардидаи ниҳолшинонӣ дар давраи тирамоҳи соли 2025 ва баҳори соли 2026 аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид қитъаҳои замин барои шинонидани дарахтон ба ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ҷудо гардидааст. Замини ҷудогардида барои ҳизбиёни вилоят дар қитъаи сеюми деҳаи Чашмасори ноҳияи Хуросон буда, масоҳати он 1,74 гектарро ташкил дода, дар он 300 бех дарахти арча ва 200 бех ниҳоли писта шинонида шуда, ин тадбир ба беҳтар кардани вазъи экологӣ ва муҳайё намудани шароити хуб барои зисти сокинон мусоидат менамояд.

Барои пурра сабзидани дарахтон ҳизбиён аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар фаслҳои баҳору тобистон онҳоро бо об таъмин менамоянд. Ҳамчунин, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тасмим гирифтааст, ки дар оянда дар гирду атрофи оромгоҳҳое, ки дар шафати шоҳроҳҳо ҷойгир ҳастанд, иқдоми ниҳолшинониро амалӣ менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28 декабри соли 2023 дар Паёми солонаи хеш ба Ҳукумати мамлакат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дода буданд, ки: “бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии ҷумҳурӣ, инчунин муҳайё намудани шароити ҳарчӣ беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ барномаи мушаххаси давлатӣ оид ба кабудизоркунии мамлакат барои давраи то соли 2040-ро қабул ва малӣ намоянд”.

Барномаи мазкур яке аз иқдомҳои муҳими мамлакат дар самти ҳалли мушкилоти обу иқлим арзёбӣ мегардад. Имрӯз ҳизбиёни вилояти Хатлон дар баробари дигар сохторҳои вилоятӣ иқдом гирифтанд, ки бо шинонидани дарахтони ҳамешасабзу сояафкан ва писта як гӯшаи мамлакатро боз ҳам сарсабзу зебо гардонанд.

Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ниҳолшинонӣ бомаром идома дошта, бо чунин тадбирандешиҳои созанда сокинони сарбаланд мехоҳанд ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки ин иқдоми созанда дар доираи нақаша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва эълон гардидани соли 2026 “Соли вусъат додани корҳои ободонву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” амалӣ гардид.

Амонҷон МУҲИДДИНОВ, “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hhdtkhatlon.tj

viloyat@hhdtkhatlon.tj

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

Саҳифаи Фейсбукии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон