
Саннаи 4 феврали соли 2026 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ҳамоиши васеъ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин Тоҷиддин, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг Раҳимзода Сулаймон Абдулфатоҳ, муовини раиси ноҳияи Ховалинг оид ба соҳаи идеологӣ Олимзода Олимхуҷа, роҳбари Дастгоҳи раиси ноҳия Маҳмудзода Изатулло ва дигар шахсони масъул ширкат доштанд.
Ҳамчунин дар ҳамоиш роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони деҳаву маҳаллаҳо, эмомхатибони масҷидҳои панҷвақта ва ҷомеъ ва дигар фаъолони ноҳия ширкат доштанд.
Ҳамоишро раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин Тоҷиддин кушода, суханро ба муовини Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз доданд.
Ҳусейнзода Наврӯз зимни суханрониашон ба фаъолони ноҳия иброз доштанд, ки дар партави дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати корҳои ободониву созандагӣ гурӯҳҳои таблиғотиву ташвиқотӣ таъсис дода, дар деҳаву маҳаллаҳо бо сокинон, соҳибкорони бонангу ори ноҳия суҳбату вохӯрӣ доир намуда, баҳри вусъат додани корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободонии ҳар як деҳаву маҳалла бояд саҳми муносиб гузорем.
Моро зарур аст, ки дар ҳар як деҳаву маҳалла бо истифода аз соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ҷалби мардум таъмиру азнавсозии хонаҳои истиқоматии шахсони эҳтиёҷманд, кӯмаку дастгирии оилаҳои ниёзманд ва маъюбони гурӯҳҳои 1,2,3, равшаннамоии кучаву маҳаллаҳо, таъмири роҳу купрукҳо дар деҳаву маҳаллаҳо, бо оби нӯшокӣ ва полезӣ таъмин намудани аҳолӣ ва ғайраҳоро ба роҳ монем. Ҳамчунин, дар ҳар як деҳаву маҳалла ташкил намудани шанбегиҳо ва баргузор намудани маъракаи ниҳолшинонӣ, дар ҳар як боми хонаи истиқоматӣ насб намудани Парчами давлатӣ, таҷлил ва барпо намудани ҷашни Наврӯз дар ҳар як хонадон, ташкил намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва маҳфилҳои «Шоҳномахонӣ» бояд ба роҳ монда шавад. Зимни ҳар як вохӯрӣ моро мебояд, ки оид ба кам кардан ва аз байн бурдани таассубу хурофот бо сокинони деҳаву маҳаллаҳо суҳбат ороем ва ба ин васила, баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ саҳми муносиб гузорем, -гуфт Наврӯз Ҳусейнзода.
Раиси ноҳияи Ховалинг Рауфзода Саймумин Тоҷиддин низ зимни суханрониашон вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар ноҳия изҳори андеша намуда, иброз доштанд, ки дар якҷоягӣ бо гурӯҳҳои таблиғотӣ ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани ҳар як дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат бобати рушд додани корҳои ободониву созандагӣ талош варзида, саҳми назарраси худро мегузорем ва кушиш ба харҷ медиҳем, ки 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои назаррас дар самти ободонӣ ва бунёдкориҳо таҷлил намоем.


















