
ЁВОН: Санаи 16-уми январи соли равон дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 80-и ноҳия, Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо иштироки Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин, Абдулқаҳор Қосимзода–корманди таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, Ҳусейнзода Наврӯз- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Меҳроҷи Абдулҳаким-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ д
ар ноҳияи Ёвон, аъзоёни кумита, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзои ТҶҶ "Созандагони Ватан" доир гардид.
Рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон аз рӯйи масъалаҳои зерин;
1. Гузариши раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда,
2. Гузориши роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба фаъолият дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи кории гурӯҳи вакилии ҳизбӣ барои соли 2026,
3. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон барои нимсолаи якуми соли 2026;
4. Тасдиқи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025:
5. Тасдиқи роҳандозии корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия, дар нақшаи-чорабиниҳо доир ба соли ҷорӣ дар доираи эълон гардидани соли 2026-соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ;
6. Дар бораи қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб:
7. Масъалаҳои ҷорӣ баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Нахуст рӯзномаи маҷлис аз ҷониби аъзоёни кумита тасдиқ карда шуда, тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши Меҳроҷи Абдулҳаким раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумита барои соли 2025 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда шунида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ бо дарназардошти натиҷаи муқоисакунӣ ва бо мақсади зиёд намудани аъзои ҳизб тасмим гирифта шуд, ки ҳар моҳ ҳар як корманди масъули ҳизбӣ аз ҳисоби ҷонибдорони ҳизб, шаҳрвандони салоҳиятнок ва содиқу масъулиятнокро барои аъзогӣ ба ҲХДТ ҷалб созанд.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияи Ёвон аз моҳи январ то декабри соли 2025 аъзои ҳизб дар ноҳия 11708 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин 5950– нафарашон занон ва 4981 - нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ асоси ҳизб буда, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи кор ва макони истиқоматии аъзоён созмон ёфта, аз тарафи кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ ё ноҳиявӣ ба расмият дароварда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ 3 адад ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, 1294 нафар ба сафи ҳизб қабул карда шуд.
Дар соли 2025 бо ташабуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ 34 конференсияҳо, 42 миззи мудаввар, 521 соатҳои сиёсӣ, 97 аксияҳо, 28 озмунҳо, 51 мусобиқаҳои варзишӣ, 187 барномаи фарҳангӣ, 172 мулоқоту вохӯрӣ доир ба баррасии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” ва 154 соатҳои сиёсӣ дар Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ ташкил ва баргузор карда шудааст.
Сипас дар музокира аъзоёни Кумитаи иҷроия Иззатов Субҳиддин - Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ғаюр-1, Расулов Ғолибҷон - Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Ҷавонон" ва Ҳабибулонва Низорамоҳ - Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Меҳвар"-и ноҳия ба музокира баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвонро дар соли 2025 мусбат арзёбӣ намуда, вобаста ба ин қарори дахлдор қабул карда шуд. Дар идома гузориши муовини роҳбари гурӯҳи вакилони халқи ноҳия Темурзода Фарзона шунида шуда, нақшаи кории вакилон барои соли 2026 пешниҳод ва мавриди тасдиқ қарор дода шуд.
Сипас, раиси ноҳияи Ёвон Вализода Икромиддин Сироҷиддин натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвонро мусбат арзёбӣ карда, аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки дар самти ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳи
доятҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан талош намуда, саҳми худро дар пешрафту тараққиёти Ватани азизи худ гузоранд.
Абдулқаҳор Қосимзода –корманди таҳлил ва иттилооти Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Ҳусейнзода Наврӯз- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлондар дар идома вобаста ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастурҳои мушаххас доданд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

















