
ХУРОСОН: Санаи 15 - уми январи соли 2026, дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Хуросон маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон дар соли 2025 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҳусейнзода Наврӯз Муовини раиси ноҳия Турсунзода Дустмурод, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Сиддиқзода Ғолибҷон, вакилони ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, аъзоёни фаъоли ҳизб ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Рӯзномаи маҷлис аз шаш масъала иборат буд.
Сараввал Сиддиқзода Ғолибҷон Қудбиддин раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон оид ба ҷамъбасти фаъолияти КИ ҲХДТ дар соли 2025 ва вазифаҳо барои соли минбаъда ҳисобот пешкаш намуд.
Сипас, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ - Подшоҳзода Нуринисо оид ба фаъолияти вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Хуросон дар соли 2025 ва тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2026 гузориш пешниҳод намуд.
Доир ба масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис (тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ) Ашурзода Гулбаҳор - Сардухтури беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон.
Дар идома Ҳусейнзода Навруз- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баромада, оиди ҷонбозиҳо, заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ дар Ватани азизамон, оиди дур будан аз хуруфотпараству майл ба фарҳанги бегона ва дигар масъалаҳо суханронӣ намуда, ҳамзамон иброз доштанд, ки ҳамаи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон бударо зарур аст, ки дар якҷоягӣ муттаҳид шуда, дар пайрави аз сиёсати хирадмандона, оқилона ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободӣ, шукуфоӣ, пешравию тараққиёти ин кишвари биҳиштосо саҳми муносиб гузорем.
Сипас, Муовини раиси ноҳияи Турсунзода Дустмурод натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Хуросонро мусбат арзёбӣ карда, аз аъзоёни ҳизб даъват ба амал овард, ки дар самти ҷалби ҷавонон барои хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ободиву зебогии диёр ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан талош намуда, саҳми худро дар пешрафту тараққиёти Ватани азизи худ гузоранд.
Бояд қайд намуд, ки ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис баррасӣ гардида, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

















