
Дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои ҳизбӣ, санаи 28 декабр дар Дидбонгоҳи сарҳадии «Даҳана»-и қисми ҳарбии 0341-и Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чорабинии идонаи солинавӣ баргузор гардид.
Чорабинии идона бо ташаббуси бевоситаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ташкил ва гузаронида шуд. Дар ин чорабинӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Ҷомӣ Кабирзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, Толибҷон Назарзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва Сулаймон Абдураҳимзода, командири қисми ҳарбии мазкур иштирок намуданд.
Нахуст, ҳайати меҳмонон бо шароити будубоши хизматчиёни ҳарбӣ, аз қабили ҳуҷраи хоб, толори китобхонӣ, ошхона, ҷойи машқу тамрин ва дигар утоқҳои зарурӣ шинос шуданд. Баъд аз шиносоӣ аз шароити қисми ҳарбӣ чорабинии идонаи солинавӣ оғоз гардид.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зимни баромади хеш, нахуст тамоми сарбозону афсаронро ба фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, ба волидони онҳо барои сарфарбар ка
рдани писаронашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар изҳори миннатдорӣ намуд.
Ҳамчунин, иброз дошт, ки хизмат дар сафи Артиш барои ҳар як ҷавонмарди бонангу номус шараф ва қарзи имонию виҷдонӣ мебошад. Сол аз сол бо дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қисмҳои ҳарбӣ бо шароити хуб таъмин гардидаанд. Мо ба далерию шуҷоатмандии шумо фарзандони бонангу номуси кишвар боварӣ ва эътимоди комил дорем, зеро маҳз ҳимояи марзу буми ин сарзаминро шумо сарбозону афсарони бонангу номус барзимма доред. Маҳз заҳматҳои шабонарӯзии роҳбарияти олии мамлакат ва шумо сарбозону афсарон аст, ки Истиқлолу озодӣ дар кишварамон пойдор аст»,- гуфт Саидзода Ҷамшед Ҳамро.
Сулаймон Абдураҳимзода, командири Дидбонгоҳи сарҳадии «Даҳана»-и қисми ҳарбии 0341, зимни баромади хеш, ба Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон доир ба дастгириҳои пайвастаи сарбозону афсарон ва ташкили як чорабинии хуби фарҳангӣ изҳори сипосмандӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ барои сарбозону афсарони қисми ҳарбӣ дастархонӣ идона ороста шуда, ба сарбозону афсарон туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуданд.
Инчунин, ба хотири болидаруҳии сарбозону афсарон чорабинии фарҳангӣ низ ташкил карда шуд, ки аҳли ҳунармандони бахши фарҳангии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо суруду таронаҳои ватандӯстӣ ҳунарнамоӣ карданд.
«Ҳамрози халқ»


















