
«Конститутсия бахтномаи миллат» таҳти ҳамин унвон бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аксияи ҳизбиро роҳандозӣ намуд.
Дар ин аксия кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят - шаҳри Бохтар ба сокинону меҳмонон варақаҳои иттилоотӣ дастрас намуданд. Бояд қайд кард, ки ҳамасола дар саросари кишвар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Конститутсия пеш аз хама ҳуҷҷате мебошад, ки он асосҳои сохтори давлат қонуният ва тартиботи ҳуқуқиро муайян мекунад. Дар як маврид Конститутсия ин ҳуҷҷати сиёсӣ ба ҳисоб меравад, ки он таъсири муносибатҳои сиёсиро ба ҷамъият танзим менамояд.
Конститутсия қонуни асосии давлат буда, асосҳои сохтори конститутсионӣ, принсипҳои умумии ҳуқуқро аниқ мекунад.
Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол баробари қабули аввалин Конститутсияи худ озодӣ ва ҳуқуқи инсонро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон карда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандиро муайян намуданд.
Ҳадаф аз баргузории аксияи мазкур арҷгузорӣ ба ин рукни муҳими давлатдорӣ буда, дар доираи аксияи мазкур 500 адад варақаҳои табрикотию таблиғотӣ ба сокинону меҳмонони шаҳр дастрас карда шуд.
“Ҳамрози халқ”


















