БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД

7 октябр, дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб дар мавзуи “Пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни занону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, худкушӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ” мизи мудаввар доир гардид.

Дар мизи мудаввар Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муовини раис, мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб аз ҳисоби занон, мудирони шуъбаҳои кор бо занони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Кӯшониён, фаъолзанон аз ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Бохтар ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок доштанд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб зимни оғози мизи мудаввар иштирокдоронро хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки моҳияти баргузории чунин мизи мудаввар дар шароити кунунии ҷомеа нақши муассир дошта, мо фаъолон ҷиҳати пешгирии ин падидаҳои номатлуб муваззаф ҳастем. Қайд кардан зарур аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ, ки санаи 28 декабри соли 2024 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа намуданд: “Модоме, ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем”.

Зикр гардид, ки воқеан хизматҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои миллати тоҷик бениҳоят бузург аст. Дар замони соҳибистиқлолии Ватан мақому мартабаи зан - модари тоҷик хеле баланд гардида, иштироки занони кишвар дар рушди давлатдорӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ҷабҳаҳои гуногуни ҷомеа хеле назаррас арзёбӣ мегардад.

Сипас, Рухсора Ғафурзода, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзуи “Нақши занону бонувон дар пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни занон ва ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва сӯйиқасд ба ҷони худ”, Самизода Санавбар Зайнулло, директори Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар шаҳри Бохтар дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ”, Рухшонаи Шералӣ, директори Муассисаи давлатии китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин дар мавзуи “Нақши занон дар ҷомеаи муосир ва пешгирии падидаҳои номатлуб”, Назарова Тутихон, раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳри Бохтар дар мавзуи “Пешгирии падидаҳои номатлуб байни занону бонувон”, Раҳмон Заррина, сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар мавзуи “Нақши ҷавонон дар пешгирии падидаҳои номатлуб”, Сафарзода Гулбаҳор, ҳуқуқшиноси калони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар мавзуи “Пешгирии шомилшавии занону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ” ва Шукрона Маҳмадализода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати занону бонувон дар замони соҳибистиқлолии кишвар ибрози андеша намуданд.

Дар охир як қатори занону бонувони фаъол барои хизматҳои содиқонаву софдилонаашон дар амалисозии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таблиғу ташвиқи ғояҳои созандаи ҲХДТ бо туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

“Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg