
6 августи солӣ ҷорӣ дар толори Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ва ҳамоиши ҳизбиёни ноҳия бахшида ба қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ дар ноҳияи Данғара баргузор гардид.
Дар кори маҷлис Неъматзода Маликшо Маҳмадшо - муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саломзода Сиҷоуддин-раиси ноҳияи Данғара, Саидзода Ҷамшед Ҳамро - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, вакилони маҷлиси вакилони халқи ноҳиявӣ, роҳбарони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, меҳмонон аз дигар Кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, собиқадорони ҳизбу меҳнат, ВАО, раисони кумитаҳои маҳалаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия, мудирони бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатии ноҳия ва ходимони дини ноҳияи Данғара иштирок намуданд.
Пеш аз оғози чорабиниҳои болозикр меҳмонон дар долони Муассисаи давлатии “Қасри ҷумҳуриявии фарҳанги Данғара” аз намоиши Асарҳои Пешвои миллат, намоиши ҳунарҳои миллӣ, дастовардҳои соҳаи маориф ва варзиш дидан намуданд.
Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара- Сайдализода Садриддин Достӣ ифтитоҳ намуда, зимнан масъалаҳои рӯзномарро баррасӣ намуд.
Ҳамзамон, гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2025 ва муайян намудани вазифаҳо барои давраи минбаъда шунида шуд.
Қайд гардид, ки дар нимсолаи аввали соли 2025 шумораи аъзои ҳизб дар ноҳияи Данғара ба 10503 нафар расид. Аз ин шумора 4812 нафар занон, 4319 нафарашонро ҷавонон ташкил медиҳад. Дар давраи ҳисоботӣ 780 нафар аъзои нав қабул карда шуд.
Дар давраи
ҳисоботи 6 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, то имрӯз дар ноҳия 116 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолият намуда истодааст.
Дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар нимсолаи аввали соли 2025 дар самти баланд бардоштани маърифати сиёсию маърифатии ҷавонон, истифодаи самараноки шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагию ободкорӣ ва ба ин васила пешгирии пошхӯрии оилаҳои ҷавон ибрози андеша намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғараро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.
Дар охир аз рӯи масъаллаҳои баррисӣгардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Пас аз анҷоми Маҷлиси Кумитаи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҳамоиши ҳизбиёни ноҳия бахшида ба қабул гардидани қатъномаи таърихии Тоҷикистон оид ба зеҳни сунъӣ оғоз гардид, ки дар он Маликш
о Неъматзода муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон таъкид дошт, ки Ҳизби Халқии Демокартии Тоҷикистон бо ақидаҳои сиёсӣ характери миллидоштааш, зери Роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон замоне ба саҳнаи сиёсати кишвар омад, ки дар кишвари азизамон Тоҷикистон ҳам акнун соҳибистиқлол оташи низоҳои ҷанги шаҳрвандӣ хомуш нагардида буд.
Маҳз аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавонистанд, ки аз худ азму иродаи қавӣ нишон дода мардумро ба роҳи рост ва ризояти миллӣ ваҳдату ягонагӣ ва пойдории Истиқлолият ҳидоят намояд.
Дар идома Саломзода Сиҷоуддин – раиси ноҳияи Данғара доир ба ҳамоиши мазкур иброз намуд, ки дар таърихи муосири Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун лидери сиёсӣ ва ташаббускори байналмилалӣ барҷаста зоҳир гардидааст. Ӯ на танҳо кишварро аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ва парокандагӣ наҷот дод, балки Тоҷики
стонро ба як давлати соҳибихтиёр ва фаъол дар арсаи ҷаҳонӣ табдил дод. Сиёсати хориҷии "дарҳои кушод", ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаҳои об, иқлим, сулҳ ва ҳоло технологияҳои муосир, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, ҳамчунин дипломатияи фаъол дар созмонҳои байналмилалӣ шаҳодати ҳикмати сиёсӣ ва дурбинии ӯ мебошанд.
Дар фарҷом ба зумра фаъолони ҳизбӣ ки дар амалӣ гардидани ҳадафҳои Оиннома ва барномаҳои ҳизб ва ба муносибати 30 – солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоштаанд, ба онҳо Медали 30-солагии ҲХДТ ва Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, инчунин ба нафароне, ки бори аввал ба аъзогии ҲХДТ пайвастанд шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуда, барномаи фарҳангии таҳиянамудаи фарҳангчиёни ноҳияи Данғара пешкаши ҳозирин гардонида шуд.


















