
Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ-бақои миллат ва устувории давлати соҳибистиқлол” доир гардид.
Конференсияи мазкур ба истиқболи ҷашни 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бахшида шуда буд. Қабл аз оғози Конференсия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ваҳдати миллӣ - рукни давлатдории муосир” баргузор гардида, ба иштирокдорон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Дар конференсияи илмӣ-назариявӣ Каримзода Мирзоқосим, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Абдусаломзода Анзурат Абдусалом, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, узви Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Исозода Диловаршо Тариқ, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон, Сафарбекзода Ҳукмиддин, муовини ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав оид ба илм ва инноватсия, кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисону кормандони кумитаҳои иҷроияи ҳизб ва аъзои фаъоли ташкилотҳои ибтидоӣ аз шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Левакант, Норак, Кӯшониён, Вахш ва намояндагони Васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Конференсия бо садо додани Суруди миллӣ оғоз ёфта, сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро иштирокчиёнро ба муносибати 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки дар баробари ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз дастовардҳои бузург ва нодиртарини халқи тоҷик дар охири асри ХХ Ваҳдати миллӣ мебошад.
Мутаассифона, дар оғози ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дахолати душманони беруна, нотавонбинону бадхоҳон ва зархаридони дохилӣ кишвари мо ба гирдоби нооромиҳои сиёсӣ кашида шуд. Баъди паси сар намудани чандин музокираҳо охиран санаи 27 - уми июни соли 1997 дар нуҳумин музокироти сулҳ миёни тоҷикон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди неруҳои мухолифини тоҷик Саид Абдуллоҳи Нурӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллиро ба имзо расониданд. Мурури солҳои баъди бо шарофати сулҳу Ваҳдати миллӣ кишвари тозаистиқлоли мо рушду пешрафтҳо намуд.
Қайд гардид, ки бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сулҳи тоҷикон бо дарёфти ҳадафи аслии таърихи миллат, яъне Ваҳдати миллӣ расид ва имрӯз Сулҳ, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии тоҷикон мафҳумҳои азиз барои ҳар фарди Тоҷикистон арзёбӣ мегардад. Самараи неку ояяндасози фидокориҳои Сарвари давлат буд, ки мо ба ваҳдати устувори миллӣ ноил гардида, имрӯз аз ободию пешрафтҳо ва зиндагии шоистаи мардум сухан мегӯем.
Дар идомаи Конференсия ҳамчунин Абдусаломзода Анзурат Абдусалом, суханронӣ намуда, аз номи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иштирокчиён ва мардуми Тоҷикистонро бо фарорасии 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ шодбош гуфт. Ба гуфтаи мавсуф насли даврони соҳибистиқлол хуб дарк мекунанд, ки Истиқлолу Ваҳдати миллӣ ду боли як иқбол ва ду рукни меҳварии давлатдорию давлатсозии мо ба ҳисоб мераванд. Воқеан ҳам, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саргаҳи пойдории давлати соҳибистиқлол нақши бисёр арзишманд гузошта, дар лаҳзаҳои душвортарин Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ ва миллатро аз вартаи парокандагӣ наҷот доданд. Заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат имрӯз дар дилу дида ва қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ нақш бастааст. Имрӯз воқеан ҳам хизматҳои мондагори Президенти кишварро тамоми мардуми тоҷик дарк намуда, ифтихор аз он доранд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи ин марди оқилу ватандӯст рӯз то рӯз Ватани азизамон рушд мекунад ва мо бо саъю талоши дастаҷамъона дар татбиқи ҳадафҳои ояндасози Сарвари давлатамон ноил гашта истодаем.
Дар идомаи кори Конференсия Каримзода Мирзоқосим миннатдории хеш ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ-ро барои баргузории конференсияи сатҳи баланд баён дошта, мардуми Хатлонзаминро бо 28-умин солгарди Рӯз
и Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, аз ҷумла, зикр намуд, ки дар таърихи ҳар як давлату миллат санаҳои фаромӯшношаванда ҳастанд, ки бо маънои томаш ҳамчун даврони хушбахтӣ ва оғози созандагиҳои бузург маҳсуб меёбанд.
- Барои мардум санаи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аз шумораи ҳамин рӯйдодҳои муҳиму тақдирсоз мебошад. Зеро 28 сол пеш ин санаи тақдирсозу сарнавиштсозро мардуми тоҷик чун оғози роҳи баробарии марҳилаи нави ташаккули давлати соҳибистиқлоламон таҷлил менамояд.
Дар он рӯзи таърихӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карда буданд, ки : “Бо назардошти ин руҳияи илҳомбахш ва иттиҳоди ҷовидонаи ин миллат айни муддаост, ки рӯзи 27-июнро дар кишварамон рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон намоем” ва ин санаи фархундаро ҳамасола ба таври умумихалқӣ таҷлил менамоем.
Баъдан, Исозода Диловаршоҳ, ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон ба сухан баромада, бо ёдоварӣ аз хизматҳои шоёни фарзандони фарзонаи миллат дар раванди таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷомеа, изҳор дошт, ки Ваҳдати миллӣ сарчашмаи оғози ташаббусҳои бунёдкориву созандагиҳо ва пешбурди сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, дар роҳи ба ҳам овардани миллат, ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, гиромидошти фарҳанги пурғановат, илму маориф ва дигар ҷанбаҳои ҳаётӣ нақши босазо дорад.
- Ваҳдати миллӣ рамзи сарҷамъӣ ва ягонагӣ ба ҳисоб рафта, ҷашни ин санаи бузурги таърихӣ рамзи баҳамоӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ дар саҳифаи таърихи навини мардуми тоҷик ҳамчун замони нави ташаккулёбии давлатдории тозаистиқлоли Тоҷикистон сабт гардидааст, ки Тоҷикистони тозаистиқлоли моро ба марҳилаи нави таърихӣ ворид намуда, ба корҳои ободониву созандагӣ оғоз бахшид.
Ҳамин тавр Солеҳа Қосимзода, собиқадори ҳизбу меҳнат, Аҳмадҷон Ализода, раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба нақши Ваҳдати миллӣ дар пойдории сулҳу субот ва хизматҳои беназири Роҳбари давлат дар рушду пешрафти Тоҷикистони азиз андешаҳои худро иброз намуданд. Баъдан, Сафарбекзода Ҳукмиддин, ҳозиринро ба ин даргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфта, атрофи дастовардҳои даврони Истиқлолият, ки бо шарофати Ваҳдати миллӣ ба даст омадааст, ибрози ақида намуд. Мавсуф аз ҳозирин, ба хусус, аз ҷав
онон даъват ба амал овард, ки ба қадри заҳматҳову ҷонфидоиҳои Пешвои миллат бирасанд ва сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва Ваҳдати миллиро чун гавҳарки чашм ҳифз намоянд.
Пеш аз анҷоми конференсияи собиқадори ҳизбу меҳнат Саидқул Шомалангзода пешниҳод намуд, ки муҳтавои суханрониҳои маърӯзачиён тавассути Васоити ахбори омма ба таври васеъ иъникос гардида, ҳамчун дастурамали корӣ ба кормандони ташкилотҳои ибтидоӣ дастрас карда мешавад.
Дар фарҷоми Конференсияи Конференсияи илмӣ-назариявӣ зери унвони “Ваҳдати миллӣ-бақои миллат ва устувории давлати соҳибистиқлол” Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ба маърӯзачиён ва иштирокчиён ҷиҳати иштирокашон дар ин конфронс изҳори сипос намуд. Ҳамин тавр, бо садо додани Суруди миллӣ ба кори Конференсияи илмӣ-назариявӣ “Ваҳдати миллӣ-бақои миллат ва устувории давлати соҳибистиқлол” ҳусни анҷом бахшида шуд.
Зебо ИКРОМЗОДА,
“Ҳамрози халқ”




















