БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ИДОМАИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА” ВА ГУСТАРИШИ КОРҲОИ ДОХИЛИҲИЗБӢ ДАР НОҲИЯИ ҶАЙҲУН

Нимаи дуюми рӯзи 12 июн дар асоси дастури узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар Ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун мулоқоту суҳбатҳои самарабахш бо усули “Хона ба хона” бо сокинон доир гардид.

Дар ин вохӯриҳо Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Маҳмадшариф Маҳмадраҷабзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Сангова Зулфия, раиси Ҷамоати деҳоти Қумсангир ва Ҳомид Абубакров, раиси маҳалла иштирок доштанд.

Зимни вохӯриҳо Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз вазъи зиндагии сокинони деҳаи Ҷавонон Азизов Аҳмад, Ҳамидов Муродбек, Абдуалимов Қосимбек ва Воҳидов Абдуҳалим дидан намуда, бо аҳли оилаи онҳо суҳбати мустақим анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқотҳо, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб масъалаҳои муҳими рӯз – мазмуну муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак", эҳтироми арзишҳои миллӣ, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии ҷавонон ва омодасозии онҳо ба хизмати ҳарбӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.

Бо истифода аз усули муассири “Хона ба хона”, Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо дигар оилаҳои сокини деҳаи Ҷавонон низ вохӯриҳо анҷом дода, масоили иҷтимоӣ ва тарбиявиро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз ҷараёни корҳои сохтмонии бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳияи Ҷайҳун боздид ба амал оварда, бо кормандони ҳизбӣ вохӯрӣ намуд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар ҷараёни мулоқотҳо таъкид намуд, ки таъмини амният ва ваҳдати миллӣ танҳо бо ҳамбастагии ҷомеа ва талоши пайвастаи ҳар як шаҳрванди мамлакат муяссар мешавад. Таблиғи фарҳанги миллӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва муқовимат бо хурофоту бегонапарастӣ вазифаи умумии мо – аъзои ҳизб аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон такя ба мардум дорад ва манфиати халқро аз зинаҳои поён то боло ба назар мегирад. Мо вазифадорем, ки ҷавононро дар руҳияи хештаншиносӣ ва эҳсоси баланди ватандорӣ тарбия намоем, зеро ояндаи миллат дар дасти онҳост.

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, “Ҳамрози халқ”

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg