
12 июн ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастури узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар деҳаи Фарғонаи Ҷамоати деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинови ноҳияи Панҷ вохӯриву суҳбатҳо бо сокинон бо усули “Хона ба хона” баргузор гардид.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар суҳбату вохӯриҳои мазкур Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Файзизода Каримҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва Абдуллоев Маҳмадҷон, раиси маҳалла иштирок доштанд.
Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз вазъи иҷтимоии хонавода ва тарзи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигии сокинони деҳа Каримбердӣ Дадахонов, Раҳимов Акрам ва Абдуллоев Уктам дидан намуда, бо аъзои оилаи онҳо суҳбат анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар вохӯрӣ бо фаъолон ва кишоварзони вилояти Хатлон дар ноҳияи Данғара, нақши Пешвои миллат дар таҳкими давлатдорӣ, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак", эҳтироми арзишҳои миллӣ, тарғиби либоси миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро, омодасозии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарбияи ватандӯстиву худшиносӣ ва саҳмгузорӣ дар ободонии маҳаллаву деҳа ибрози андеша намуд.
Дар идомаи корҳои таблиғотӣ бо усули “Хона ба хона”, Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз хоҷагии деҳқонии “Маҳмудҷон” ва чандин хонаводаҳои дигар боздид ба амал оварда, бо сокинон суҳбатҳои самимона анҷом дод.
Дар баробари ин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро бо кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб вохӯрӣ карда, ҷиҳати такмили сатҳи корҳои дохилиҳизбӣ таъкидҳои зарурӣ ироа намуд. Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб қайд намуд, ки тартибу низоми ҳуҷҷатгузории дохилиҳизбӣ бояд мутобиқ ба талаботи Оинномаи ҲХДТ ба роҳ монда шавад. Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҳамзамон ба зарурати таҳкими нақши фаъолони ҳизб дар маҳаллаҳо, истифодаи самараноки ҳаракати аъзои ҳизб ва танзими ҳисоботи мунтазами фаъолияти ҳизбӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ташаккули фазои солими ҳизбӣ миёни кормандон дастурҳои мушаххас дод.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
“Ҳамрози халқ”




















