
Бо мақсади гиромидошти “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва дар асоси пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки санаи 25 май аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” расман эълон шудааст, дар ноҳияи Шаҳритус фестивали тақдими тӯб ба наврасону ҷавонон баргузор гардид.
Дар ин фестивали пуршукӯҳ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Абдуллозода Тағой Маҳкам, раиси ноҳияи Шаҳритус, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот, Манучеҳр Музаффариён Раҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Раҳимзода Меҳроҷ, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, фаъолон, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ширкат варзиданд.
Нахуст, ҳайати меҳмонон бо дастовардҳои ҷавонону наврасон ва занону бонувони ноҳия шинос шуда, аз талошу комёбиҳои онҳо дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ огоҳ гардиданд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро зимни суханронии худ тамоми ҷавонони кишварро ба ифтихори ду санаи муҳиму таърихии “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи ҷаҳ
онии футбол” табрик намуда, зикр кард, ки ин иқдом боз як марҳилаи муҳим дар арҷгузорӣ ба нақши футбол ҳамчун василаи ваҳдат, солимӣ ва рушди иҷтимоӣ мебошад. Футбол яке аз варзишҳои оммавӣ ва дӯстдоштаи насли наврас, имконият фароҳам меорад, ки ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ҷалб гардида, дар муҳити дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ истеъдоди худро рушд диҳанд. Таҷлили чунин санаҳо метавонад ба ташкили мусобиқаҳо, курсҳои омӯзишӣ ва тарбияи мураббиёни нав замина гузорад.
Инчунин, Абдулозода Тағой Маҳкам, раиси ноҳия иброз дошт, ки ҷавонон бояд бо илмомӯзӣ ва фаъолиятҳои созанда дар пешрафти Ватан саҳми арзандаи худро гузоранд. Ҳамчунин таъкид намуд, ки ин гуна чорабиниҳо на танҳо барои арҷгузорӣ ба варзиш, балки барои бедор сохтани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ миёни ҷавонон ниҳоят муҳиманд. Ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа буда, таваҷҷуҳи пайваста ба онҳо заминаи муҳими пешрафти кишвар аст. Ташкил ва баргузории чунин рӯзҳои фархунда руҳбаландии наврасонро афзуда, онҳоро ба ҳаёти солим ва фаъол ташвиқ мекунад. Ин иқдом гувоҳи он аст, ки роҳбарияти кишвар ба рушду камоли ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Ҳамзамон, намояндаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, полковники милитсия Баротзода Тоҳир Барот дар баромади хеш зикр кард, ки маҳз бо ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, яъне бо ташаббуси намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 май “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон гардида, ҳамасола бошукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад.
Имрӯз ҷавонони кишварро зарур аст, ба ин намуди варзиши рақами 1 ҷаҳон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар мусобиқаҳои Осиёӣ ва ҷаҳонӣ ширкат варзида, нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Мавсуф
дар фароварди сухан ба ташкилкунандагони фестивали мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҷавонону наврасони варзишгар комёбиҳо орзу намуд.
Сипас, аз ҷониби меҳмонон ва роҳбарияти ноҳияи Шаҳритус ба варзишгарони наврас беш аз 150 тӯби футбол тақдим карда шуд.
Дар идомаи фестивал як қатор ҷавонони фаъоли ноҳия бо сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар охир бахши фарҳанги ноҳия бо барномаи рангини консертӣ ва сурудҳои ватандӯстона хотири иштирокдоронро болида гардониданд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, "Ҳамрози халқ"




















