БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ ДАРЁФТИ “ҶОМИ ҲХДТ” ФУТБОЛИ ХУРД ДОИР ГАРДИД

Тибқи дастури Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади дастгирӣ аз пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки 25 май Созмони Милали Муттаҳид “Рӯзи ҷаҳонии футбол” эълон намудааст, байни кормандони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон барои дарёфти “Ҷоми ҲХДТ” бахшида ба “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии футбол” футболи хурд бо иштироки зиёда аз 147 нафар кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо дар ду минтақа, минтақаи Бохтар ва минтақаи Кӯлоб баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки футболи хурд дар ду минтақа 19 майи соли ҷорӣ дар варзишгоҳҳои хурди шаҳри Бохтар ва шаҳри Кӯлоб дар сатҳи баланд ва бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

Дар ҷамъомади тантанавӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, муовини раис, мудирону кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок доштанд.

Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон чорабиниро ҳусни оғоз бахшида қайд кард, ки аз қабули ташаббуси Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар бораи эълон гардидани “Рӯзи ҷаҳонии футбол” аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, ташаббуси мазкурро падидаи хубу хотирмон арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки эълон гардидани 25 май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва таҷлили ҳамасолаи он дар сатҳи баланд аз таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти олии кишвар нисбат ба соҳаи варзиш шаҳодат медиҳад. Сипас, дастаҳо бо ҳам рақобат намуда, дастаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нощияи Вахш, сазовори ҷойи якум, дастаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва дастаи кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияҳои Қубодиён ва Хуросон ҷойи сеюмро сазовор гардиданд.

Дар анҷом аз ҷониби роҳбарият ба дастаҳои ғолиб Дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҷоми ҲХДТ дар вилояти Хатлонро тақдим гардид.

Ҳамчунин футболи хурд дар минтақаи Кӯлоб низ ҷамъбаст гардид, ки дастаи ноҳияи Восеъ сазовори ҷойи якум, дастаи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ҷойи дуюм ва дастаи ноҳияи Фархор савори ҷойи сеюм гардида, бо Дипломи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Ҷоми ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg