
15 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Қубодиён бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила дар мавзуи “Оила пойдевори асосии давлатдорӣ” ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиш Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ, раиси ноҳияи Қубодиён, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони Кумитаҳои маҳалла, фаъолзанон, собиқадорони меҳнат, аъзои намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”, донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Қубодиён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок дошта
нд.
Сабурзода Мирзодавлат Абдолӣ изҳор дошт, ки таҷлили Рӯзи ҷаҳонии оила дар кишвари мо, ки ҳамасола зери таваҷҷуҳи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки кишвари мо ба оила таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, тибқи талаботи моддаи 33, 34 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя менамояд”. Дар ҳама давру замонҳо яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ин оилаи солим ба ҳисоб меравад.
Ҳамчунин, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб қайд намуд, ки пойдорӣ, бунёдкорӣ, созандагӣ ва солимию бурдбориҳо аз оила оғоз меёбад. Пас ҳар яки моро месазад, ки ҳарчи бештар дар устувору пойдор мондани оилаҳо саҳмгузор бошем. Зеро ҷомеаи солиму давлати обод аз ваҳдату якдилии миёни оилаҳо сарчашма мегирад. Бинобар ин ҳам давлати Тоҷикистон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони фарзона ва оқилаи тоҷик ҳамеша такя менамояд. Барои он ки зан- модар дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ - таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони боодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандӯсту худшинос, инчунин, бо заҳмату ташаббусҳои пайгиронаи худ дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо хоҳанд гузошт. Тибқи қонунгузориҳои миллӣ таълиму тарбияи фарзандон ба зиммаи оила вогузор карда шудааст. Бинобар ин, қонунгузорӣ ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд ва мувофиқи анъанаҳо ва мероси ахлоқие, ки аз табиати мардуми мо бармеояд, амал намоянду оилаи солимро ташкил намоянд. Зеро оила дар
рушди ҷомеа нақши муҳим ва ҳалкунанда дорад.
Дар идома Ҳилолӣ Рудоба, омӯзгори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳияи Қубодиён дар мавзӯи “Оилаи солим- ҷомеаи солим” суханронӣ намуда, ҳамаи иштирокчиёнро ба Рӯзи байналмилалии оила самимона табрику муборакбод намуд.
Дар охири ҳамоиш ба як қатор оилаҳои беҳтарину намунавӣ сипоснома ва туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён тақдим карда шуд.
“Ҳамрози халқ”




















