БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ОИЛА - МАКОНИ МУҚАДДАС

13 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, бахшида ба «Рӯзи байналмилалии оила», мизи мудаввар таҳти унвони «Оила — макони муқаддас» баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Рухсора Ғафурзода, мудири шуъбаи кор бо занон, фаъолзанон аз ташкилотҳои ибтидоии шаҳр, мудирони шуъбаҳои кор бо занон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Мизи мудавварро раиси Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми тоҷикро ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила табрик гуфт. Ӯ иброз дошт, ки бо Қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз соли 1994 ин сана ҳамасола 15 май дар саросари ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии оила ҷашн гирифта мешавад.
Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ бо арҷгузорӣ ба арзишҳои инсонӣ барои таҳкими оила, баробарҳуқуқии зану мард ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тадбирҳои муҳимро рӯйи кор овардааст.
Раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб таъкид намуд, ки фарҳангу ахлоқи ҷомеа аз фарҳанги оиладорӣ сарчашма мегирад. Оила дар тамаддуни тоҷикон ҳамеша муқаддас ва пояи асосии давлатдорӣ будааст. Имрӯз низ дар ҷомеаи муосири тоҷик оила як ниҳоди муҳими иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, нақши калидӣ дар тарбияи насли нав ва интиқоли арзишҳои фарҳангӣ дорад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки тибқи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, давлат оиларо ҳамчун пояи ҷамъият ҳимоя мекунад ва мардону занон дар ташкили оила, ақди никоҳ ва бекор кардани он баробарҳуқуқанд.
Баъдан, Рухсора Ғафурзода дар мавзуи «Нақши оила дар рушди ҷомеа ва давлат» суханронӣ намуда, изҳор дошт, ки оила дар заминаи муҳаббат, эътимод ва вафодорӣ байни зану шавҳар бунёд меёбад. Оилаи солим заминаи муҳити орому созанда буда, дар он фарзандони солеҳу фаъол тарбия меёбанд.
Қурбонгул Раҷабзода, директори Китобхонаи марказонидашудаи шаҳри Бохтар ба номи Камоли Хуҷандӣ, дар мавзуи «Оила -макони меҳру муҳаббат» андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки вазифаи аслии оила - таъмини кӯдакони солим, таълимоти шоиста ва омодасозии онҳо барои зиндагии мустақил аст. Дар ин раванд нақши оила ҳамчун муҳити аввалини тарбия бузург ва муассир арзёбӣ мегардад.
Дар идома Самадзода Саёҳат, мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Насима Давлятова (модомояи Маркази саломатӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва Марҷона Ғуломова директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 шаҳри Бохтар дар мавзуҳои «Нақши занон дар бунёди оила», «Оилаи солим - ҷомеаи солим» ва «Нақши оила дар тарбияи фарзанд» баромад карда, оид ба тарғиби китобхонӣ, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи дурусти фарзандон андешаронӣ намуданд. Барномаи фарҳангии донишҷӯдухтарони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав - Шаҳноза Худойназарова, Гулрӯ Носирова ва Мавзуна Алимова ба чорабинӣ шукуҳи тоза бахшид.
Дар анҷом, Қурбонгул Раҷабзода барои саҳми арзандааш дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.
“Ҳамрози халқ”
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg