
7 май бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба аёдати иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайнулло Алиев рафт.
Зимни суҳбат Саидзода Ҷамшед Ҳамро аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Зайнулло Алиевро ба муносибати 80-солагии Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба ӯ туҳфаҳои моддиву молиявиро тақдим намуд.
Қайд гардид, ки чунин иқдомҳо нишонаи арҷгузорӣ ба таъриху қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои миллат мебошанд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид менамоянд, ки пос доштани хизмати собиқадорон қарзи виҷдонии ҳар як шаҳрванд аст. Аёдати Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб боиси руҳбаландии бобои Зайнулло гардид. Бобои Зайнулло бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба халқу давлат, намунаи ибрат барои насли имрӯз маҳсуб меёбад.
Тавре иттилоъ дода шуд, Алиев Зайнулло 12 ноябри соли 1925 дар деҳаи “Гули зиндон”-и ноҳияи Кангурт (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Ӯ соли 1942 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ҷалб гардида, дар ҷабҳаҳои Ленинград ва Белоруссия ҷангида, дар озодсозии шаҳрҳои Ленинград, Калинин, Молдова, Венгрия ва Руминия ширкат намудааст.
Дар соли 1945 зимни як муҳорибаи шадид ҷароҳати вазнин бардошта, ба Ватан баргаштааст. Пас аз баргашт солҳои зиёд дар колхози ба номи К. Маркси шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фаъолият намудааст. Ӯ ҳамчун собиқадори меҳнат таҷрибаи худро дар рушди пахтакорӣ ва дигар бахшҳои кишоварзӣ равона карда, бо меҳнати содиқонаи худ сазовори эҳтироми ҳамдиёрон гардидааст.
Барои хизматҳои арзандааш бо ордени “Ҷанги Ватанӣ дараҷаи дуюм”, медалҳои “Барои меҳнати шоён”, “40-солагии Ғалаба”, “60-солагии Ғалаба”, “Медали Жуков”, “50-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР” ва мукофотҳои дигари давлатӣ сарфароз гардонида шудааст.
Айни замон бобои Зайнулло дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Бохтар истиқомат дошта, дар ҳалқаи фарзандону наберагон рӯзгори шоистаи пиронсолиро сипарӣ мекунад.
“Ҳамрози халқ”




















