
Бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи аксияи мазкур беш аз 500 нусха маводи тарғиботию ташвиқотӣ, ки дар он аз қаҳрамониҳои ҷанговарони далеру шуҷои тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг инъикос гардидааст, ба сокинони шаҳр дастрас карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин иқдомҳо арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷанговарони ҷонфидо, фарзандони содиқи Ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни насли наврасу ҷавон мебошад. Дар ҷараёни аксия кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва бо аҳли ҷомеа, бахусус собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
“Ҳамрози халқ”




















