
Бахшида ба 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Раҳмон Мӯрчаеви шаҳри Бохтар аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст” баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар доираи аксияи мазкур беш аз 500 нусха маводи тарғиботию ташвиқотӣ, ки дар он аз қаҳрамониҳои ҷанговарони далеру шуҷои тоҷик дар солҳои мудҳиши ҷанг инъикос гардидааст, ба шаҳрвандон дастрас карда шуд.
Ҳадаф аз баргузории чунин иқдомҳо арҷгузорӣ ба корнамоиҳои ҷанговарони ҷонфидо, фарзандони содиқи Ватан ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни насли наврасу ҷавон мебошад. Дар ҷараёни аксия кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва бо аҳли ҷомеа, бахусус собиқадорони ҷангу меҳнат суҳбату мулоқотҳои судманд анҷом доданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз бо иштироки Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ва собиқадорон маросими гулчамбаргузорӣ дар назди пайкараи ёдгории шаҳидони ҷанг ва чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Зимни баромад таъкид гардид, ки Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ натанҳо пирӯзии низомӣ, балки намунаи ҷонфидоиву иттиҳоди халқҳо барои адолат ва озодӣ буд. Ҳар як қатраи хун ва ҳар як ашки модар дар роҳи ин пирӯзии бузург нишонаи садоқат ба Ватан ва озодии инсон мебошад. Миллати тоҷик низ бо фиристодани ҳазорҳо фарзандони диловар дар таъмини ин Ғалаба саҳми назаррас гузоштаанд. Зимни таҷлили солгарди Ғалаба, мо на танҳо таърихро гиромӣ медорем, балки масъулияти худро дар назди наслҳои оянда низ эҳсос менамоем.
Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ, “Ҳамрози халқ”

















