БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

БАХШИДА БА РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ ДАР МАРКАЗИ МАЪМУРИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН – ШАҲРИ БОХТАР, ЧОРАБИНИИ ОММАВИИ ВАРЗИШӢ – ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ДУЧАРХА БАРГУЗОР ГАРДИД.

Санаи 18 май бо мақсади таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар, чорабинии оммавии варзишӣ – дави миллӣ ва марафони дучарха баргузор гардид.

Дар чорабинии пуршукӯҳ Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят, Муминзод Абдулмаҷид,  раиси шаҳри Бохтар ва беш аз 15 ҳазор нафар, аз ҷумла ҷавонон, роҳбарону кормандони ташкилоту муассисаҳо,  аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуданд.

Нахуст, Анзурат Абдусаломзода иштирокдоронро бо Рӯзи ҷавонон таҳният гуфта, зикр намуд, ки нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа басо бузург аст ва варзиш яке аз роҳҳои асосии ташаккули ҷисму рӯҳи солим ба ҳисоб меравад. Варзиш яке аз василаҳои муҳимми тарбияи ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон буда, дар ташаккули шахсияти солим нақши муассир дорад.  

Дар анҷоми чорабинӣ ғолибони масофаҳои муайян бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон барои иштироки фаъолона дар дави миллӣ сазовори Диплом ва Меҳроҷ Раҳимзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар марафони дучархаронӣ сазовори ҷойи аввал гардида, бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуд.

Чорабинии мазкур ҳамчун намунаи равшани дастгирии ҷавонон ва ташвиқи тарзи ҳаёти солим бо руҳияи баланди ватандӯстӣ баргузор гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg