
1 апрел, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар маросими тантанавии “Рӯзи даъватшаванда” баргузор гардид, ки дар он узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, фаъолони ҳизб, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Нахуст, роҳпаймоии ҷавонони даъватшаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят аз назди бинои Комиссариати ҳарбии вилоят то варзишгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав сурат гирифт.
Боиси ифтихору сарфарозист, ки маросими гусели наваскарони Хатлонзамин ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот, бо руҳияи баланди ватандӯстӣ роҳандозӣ гардид.
Дар майдони варзишгоҳ ҷавонони боиродаву шуҷоъ аз шаҳру навоҳии вилоят ҷамъ омада буданд, то ин ки барои шарафёб шудан ба номи сарбози Ватан, сазовор гардидан дар ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи
мамлакат қарзи шаҳрвандии хешро дар назди халқу Ватан ба адо намоянд.
Зимни суханронӣ Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ҷавонони матиниродаву ватандӯстро, ки барои ҳифзи марзу буми Ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастаанд, инчунин ба волидайни онҳо барои тарбияи хуби фарзанд дар руҳияи ватандӯстӣ изҳори миннатдорӣ баён намуд.
Ҳукумати кишвар пайваста барои таҳкими қудрати мудофиавӣ ва фароҳам сохтани шароити беҳтарини хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ тадбирҳои судманд меандешад. Бо беҳтар гардидани шароити хуби буду бош, таҳкими заминаи моддию техникии қисмҳои ҳарбӣ сол то сол сафи ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба хизмати ҳарбӣ мепайванданд, афзоиш ёфта истодааст.
Исботи ин гуфтаҳост, ки дар рӯзи аввали даъват (01.04.2025с.) шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон нақшаи пешбинишударо 100 фоиз иҷро намуда, нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра таъмин гардид.
Ин даъвати дуюм аст, ки ҷавонони диловару ғаюр ихтиёран ба сафи Артиш пайваста, нақшаи даъват дар вилояти Хатлон дар рӯзҳои аввал ба пуррагӣ таъмин мегардад, ки ин ташаббус дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар вилоят падидаи беназир аст.
Артиш ҳамеша сипари боэътимоди давлат ва гарави сулҳу субот мебошад. Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ на танҳо масъулият, балки шарафи ҳар як ҷавони огоҳ ва ватандӯст мебошад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардист, ки дар он рӯҳияи ватандӯстӣ, садоқат ба миллат ва эҳтироми арзишҳои давлатӣ ташаккул меёбад”.
Имрӯзҳо ма
рдуми шарафманди Хатлонзамин ба иродаи қавӣ ва садоқати фарзандони далеру ватандӯсти худ ифтихор мекунанд. Омодагии сарбозони ҷавон барои ҳимояи марзу буми аҷдодӣ мояи сарфарозии ҷомеа ва рамзи устувории давлати соҳибистиқлоли мо мебошад. Ин ҷасорату мардонагии ҳамаи сарбозони ҷавон - фарзандони азизро, мо, насли калонсол, шоистаи таҳсину офарин медонем. Ин азми онҳо моро дилпур мекунад, ки марзу буми кишвар ҳимоятгарони содиқу шуҷоъ дорад.
Дар ин чорабинӣ таъкид гардид, ки дар ҳақиқат, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шарафи бузург аст. Тарбия дар ин мактаби мардонагӣ фарзандони моро ҳамчун шахсият ташаккул медиҳад, дар шинохти арзишҳои муҳимми инсонию давлатдорӣ муваффақ мегардонад, иродаи онҳоро дар роҳи ба даст овардани мақсад дар оянда устувор мегардонад. Масъулияти ватандорӣ ва рисолати ҳифзу ҳимояи онро дар вуҷуди онҳо таҳким мебахшад.
Дар охир маросими нонгазон баргузор гардида, барои болидарӯҳии сарбозон ва волидайни онҳо барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.




















