
Санаи 20 марти соли 2025 аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон беш аз 1000 адад варақаҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо иқтибосҳо аз суханрониҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таърихи Наврӯзи байналмилалӣ дастраси сокинони шаҳри Бохтар гардида, инчунин бо суханони табрикотӣ хотири онҳоро шод гардониданд.




















