Бахшида ба 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон санаи 18-уми феврали соли 2025 дар қисми низомии 3503-и Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҳамоиши сиёсӣ-тантанавӣ таҳти унвони «Пешвои миллат-поягузори Артиши миллӣ» баргузор гардид.
Ҳайати меҳмонон дар доираи Аксияи «Модарон ба дидорбинии сарбозон мераванд» ҳамроҳи модарони дар даст сабадҳои пур аз нону кулчақандҳои тоҷиконадошта вориди қисми низомӣ шуда, аз намоиши ҷузъу томҳои сарбозону афсарон дидан намуданд.
Ҳамчунин, дар ин рӯз ба хотири истироҳату фароғати афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, бозиҳои варзишӣ ва суруду таронаҳои дилнишин дар васфи Ватан пешкаш карда шуд.




















