БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АКСИЯИ САРСАБЗУ ХУРРАМГАРДОНӢ ЗЕРИ УНВОНИ "САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!"

Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 1 феврали соли 2025 тибқи дастури Раиси вилояти Хатлон, узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар бо иштироки волонтёрони ҳизбӣ аксияи сарсабзу хуррамгардониро зери унвони "САРСАБЗИИ ВАТАН МАРОМИ МОСТ!" баргузор намуданд.

Дар баргузории Аксияи мазкур зиёда аз 60 нафар волонтёрони ҳизбӣ иштирок намуда, дар ҳамшафати роҳи шоҳроҳи Душанбе-Бохтар дарахтони ҳамешасабз шинониданд, ки ба симои ҳамшафати роҳ ҳусни зебо бахшид. Бояд қайд намуд, ки шинонидани дарахтон ба ҳолати экологӣ таъсири амиқ гузошта, муҳити зистро бо ҳавои тоза, ки асоси ҳастии ҳаёт ба он вобаста аст, ғанӣ мегардонад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg