
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ободу зебо ва шукуфон намудани Ватани азизамон, аз ҷумла вусъат бахшидани корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мусоид омадани ҳаво мунтазам дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «ҲХДТ-ҳизби созандаву бунёдкор» ташкил ва гузаронида мешаванд.




















