БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МАҶЛИСИ ВАСЕИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ОИД БА ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ СЕМОҲАИ АВВАЛИ СОЛИ 2025 ВА ВАЗИФАҲО БАРОИ ОЯНДА

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон оид ба ҷамъбасти фаъолияти семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои оянда  баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки дар Маҷлиси  мазкур  Неъматзода Маликшо Маҳмадшо, муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, кормандони дастгоҳи Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, раисону кормандони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо ва собиқадорони ҲХДТ иштирок доштанд.

Нахуст, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб маҷлиси Кумитаи иҷроияро ифтитоҳ намуда, рӯзномаи маҷлисро ба ҳамагон шинос намуд.

Ёдовар мешавем, ки рӯзномаи маҷлис аз се масъала: ворид намудани тағйирот ба аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, ҷамъбасти фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии ҲХДТ дар вилояти  Хатлон оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар семоҳаи аввали соли 2025 ва вазифаҳо барои оянда иборат буд.

 

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис ба рӯйхати аъзои  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо дастгирии аъзои Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб тағйирот ворид карда шуд.

Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро оид ба фаъолияти Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ибрози андеша намуд.

Аз ҷумла қайд кард, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани интихобот дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Ситоди марказии пешазинтихоботӣ дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ситоди пешазинтихоботӣ аз санаи 2 январи соли 2025 таъсис дода шуда, дар асоси он дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ситодҳои пешазинтихоботӣ таъсис ва нақшаву чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд.

Вобаста ба баргузории чорабиниҳои интихоботӣ дар сатҳи вилоят, 7 ҷаласаҳои Ситод доир гардида, масъалаҳои дахлдор мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳои вилоят 94 ҷаласаҳои ситодҳои пешазинтихоботӣ баргузор  гардида, масъалаҳое, ки дар Ситоди вилоятӣ мавриди корбарӣ қарор дода шуда буд, ҳаллу фасл карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg