Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ моҳи январи соли 2025 дар ҳамаи 14 ҳавзаи интихоботии якмандатии ҳудуди вилояти Хатлон маҷлисҳои якҷояи кумитаҳои иҷроияи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати пешбарии номзадаҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят маҷлисҳои кумитаҳои иҷроия доир ба пешбарии номзадҳо ба вакилии Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор карда шуданд.
Дар ин маҷлисҳо муовини якуми Раиси ҲХДТ ва муовинони раиси ҲХДТ, раиси Кувмитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, кормандони масъули Кумитаи иҷоияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятӣ иштироки фаъолона дошта, барои дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор гардидани интихоботҳо дастуру супориш ва ҳидоятҳои Роҳбарияти олии ҲХДТ-ро ба фаъолони ҳизб расониданд.
Баъди бақайдгирии номзадҳо дар ҳамаи ҳавзаҳои интихоботӣ корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо маром идома ёфт.
Дар давраи маъракаи пешазинтихоботӣ ҳамаррӯза Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз дастуру ҳидоятҳо ва маслиҳатҳои муфиди роҳбарияти вилоят, узви Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ муҳтарам Давлаталӣ Саид муовинони раис ва дигар кормандони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят васеъ истифода бурданд. Ҳамин ҳамоҳангсозӣ бо Роҳбарияти КИМ ҲХДТ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят буд, ки омодагиҳо дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор гардиданд.

















