Тибқи Нақшаи корӣ-2025 дар маҷмуъ 12104 маҷлисҳои Раёсат, Кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ доир карда шуда, масъалаҳо, аз қабили натиҷагирӣ аз фаъолият, қабул ва тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоӣ ва ғайра баррасӣ карда шуданд.
Зимни маҷлисҳои даврӣ дар сатҳи ташкилотҳои ибтидоӣ сарпарастон- намояндагони кумитаи иҷроияи вилоят ва дар сатҳи кумитаҳои иҷроия сарпарастон-намояндагони кумитаҳои иҷроияи шаҳрӣ, ноҳиявӣ иштирок намуданд.
Санаи 3 январи соли 2025 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва Маҷлиси якуми Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар Маҷлист Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон, Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, аъзои Кумитаи иҷроия, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз се масъала: таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд.
Нахуст, Маҷлисро Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб кушода, изҳор дошт, ки дар оғози соли 2025 дар сар то сари кишварамон маъракаи муҳимми сиёсӣ - интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 ба тасвиб расида, мутобиқи он санаи 2 марти соли 2025 Рӯзи интихобот муайян гардид.
Бояд зикр кард, ки ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор гардидани интихоботи дарпешистода моро зарур аст, ки Ситоди пешазинтихоботиро таъсис диҳем. Ҳамин тавр лоиҳаи қарор оид ба таъсиси Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба овоз монда шуда, аз ҷониби ҷамъомадагон Ситоди пешазинтихоботӣ таъсис дода шуд.
Ҳамчунин, дар идома гуфта шуд, ки санаи 28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардид ва дар он тамоми самтҳои муҳимми ҷомеа мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва ба мардум расонидани моҳияти Паёми имсола нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон тасдиқ гардида, ҳаминтавр кори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон анҷом бахшида шуда Маҷлиси якуми Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар кори он аъзои Ситод, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раисони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳо, мудирони шуъбаҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят ва дигар фаъолони ҳизб иштирок намуданд.
Маҷлисро раиси Ситоди пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки оғози соли 2025 дар кишварамон маъракаи муҳимми сиёсӣ-интихоботии вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мегардад. Вобаста ба ин фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2024 ба тасвиб расида, мутобиқи он рӯзи 2 марти соли 2025 Рӯзи интихобот муайян гардидааст.
Қайд гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омодагиро ба ин маъракаи муҳимми сиёсӣ аз нимаи аввали соли сипаригардида оғоз бахшида, доир ба он дар асоси дастуру пешниҳодҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст. Анҷумани 15-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки таҳти Раёсати Раиси муаззами ҳизб, 18 декабри соли 2024 баргузор гардид, дар он муҳимтарин масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд ва асоси онро омодагӣ ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар бар мегирад. Ҳамчунин, дар Анҷуман Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки он фарогири соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа мебошад, тасдиқ гардида, номзадҳои худро ба ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ низ пешниҳод намудем.
Сипас, Анзурат Абдусаломзода, муовини раиси вилояти Хатлон оид ба сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрози ақида карда, изҳор дошт, ки бо ташаббуси Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми соли 2024 Тоҷикистон маркази баргузории як қатор чорабинӣ ва ҳамоишҳои сатҳи баланд дониста шуд, ки ин гуна чорабиниҳои сатҳи баланд дар рушд ва пешрафти кишвари азизамон нақши созгор мебозад. Дар Паёми навбатияшон роҳбарияти олии мамлакат тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро мавриди натиҷагирӣ қарор доданд, ки дар вилояти Хатлон низ давоми соли сипаришудаи 2024 нисбат ба соли 2023 пешрафти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ба чашм мерасад. Ҳамзамон бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 як қатор иншооти таъиноташон гуногун, аз ҷумла соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва корхонаҳои саноатӣ низ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ садҳо ҷойҳои корӣ барои нафарони корҷӯ муҳайё карда шуд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки Паёми навбатии имсола нисбат ба Паёмҳои қаблӣ фарқкунанда буд ва раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳо, фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, ки Паёми Президенти мамлакатро сармашқи кори ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд.
Дар идома ҷиҳати ба дарки сокинон, аз ҷумла интихобкунандагон расонидани мафҳуму моҳияти Паёми навбатии имсола ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар”, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дастовардҳои он дар давоми 30 соли фаъолият ба фаъолон, таблиғотчиён тавсияҳои судманд пешниҳод карда шуд.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи баргузории интихоботҳои солҳои қаблӣ собит менамояд, ки дар ҳама кишварҳо аҳзоби сиёсӣ вобаста ба инкишофи ҷомеа роҳу воситаҳои муосир ва муассири ҷалби электорати сиёсиро ҷустуҷӯ менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ бо имкониятҳои бештар, ки шумораи аъзояш аз дигар ҳизбҳо бештар ва фаъолияти доимӣ дорад, ҳамеша талош бар он менамояд, ки аз усулҳо ва технологияҳои муосири таблиғотӣ истифода барад. Дар ин самт манбаъҳои хуби ташвиқотиро дар ихтиёр дорад. Барномаи пешазинтихоботии ҳизб, ки фарогири тамоми масоили рӯзмарраи ҷомеа аст, яке аз воситаҳои таъсирбахш дар интихобот хоҳад гардид. Зеро он ниёзу хостаҳои мардумро ифода менамояд.
Дар интиҳои Маҷлиси Ситод ироа гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «Интихобот ҳамчун маъракаи муҳимми сиёсӣ аз ҳар як шаҳрванди кишвар ба хотири рушду ободии фардои мамлакат ва осоиши наслҳои оянда фарҳанги баланди сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносиро тақозо мекунад».




















