
Имрӯз, 30 октябр дар толори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо иштироки Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи вилоятии ҳизб курси омӯзишии «Ҷавонон пайрави Пешвои миллат» баргузор гардид.
Дар ин омӯзиш ҷавонон аз донишгоҳу коллеҷҳо ва ташкилоту муассисаҳои шаҳри Бохтар иштирок намуданд.
Иштирокчиёни омӯзиш доир ба мавзуъи «Нақши ҳизбҳои сиёсӣ дар демократикунонии ҷомеа, дар мисоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» маълумот гирифтанд.
Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон зикр кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери шиори «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» садоқати худро ба арзишҳои умумимиллии соҳибихтиёрӣ, демократия, баробарҳуқуқӣ ва ошкорбаёнӣ нишон дода, барои пешрафти ҳамаҷонибаи Тоҷикистон тамоми тадбирҳои имконпазирро амалӣ месозад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлолият ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумуи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд, таъкид гардид дар омӯзиш.
Раиси Кумитаи вилоятии ҳизб, аз ҷумла изҳор дошт, ки имрӯз таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонон ва дастгирии онҳо дар роҳи расидан ба муваффақияту комёбиҳо беандоза аст.
Шароити омӯзиш дар дурдастарин шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои ҷавонону насли наврас фароҳам гардидааст. Имрӯз ҳар як ҷавонро мебояд дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ пешсаф бошад ва ояндаи Тоҷикистонро боз ҳам шукуфонтар намояд.
Дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти мамлакат, Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳизби Халқии Демо
кратии Тоҷикистон ҷиҳати рушду пешрафт ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ, таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ташаббусҳои созандаву чашмрасро рӯи кор меоварад. Яке аз ташаббусҳои навбатии ҳизб «365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ» мебошад, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар миқёси вилоят роҳандозӣ гардидааст. Ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ташаббуси фаъолон, ташкилотҳои ҳизбӣ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ корҳои ободонию созандагӣ анҷом дода мешавад.
кратии Тоҷикистон ҷиҳати рушду пешрафт ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ, таҳкими Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ ташаббусҳои созандаву чашмрасро рӯи кор меоварад. Яке аз ташаббусҳои навбатии ҳизб «365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ» мебошад, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар миқёси вилоят роҳандозӣ гардидааст. Ҳамарӯза дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо ташаббуси фаъолон, ташкилотҳои ҳизбӣ аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ корҳои ободонию созандагӣ анҷом дода мешавад.Ҳамчунин, дар ин омӯзиш вобаста ба раванди баргузории интихоботҳо, фаъолияти назарраси ҳизбҳои сиёсӣ, таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, нақши ҷавонон дар ҳифзи муқаддасоти давлатӣ ва ҳимояи марзу буми кишвар, пешгирии ҷинояткорӣ ва пешгирии шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористию ифротгароӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ ироа гардид.
Дар фарҷоми омӯзиш гуфта шуд, ки ҷавонон бояд ташаббускору созанда бошанд. Омӯзиш бо саволу ҷавоб ба анҷом расид.
«Ҳамрози халқ»























