БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ПАРЧАМИ МИЛЛӢ ҲАМЧУН РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

Таҳти ҳами унвон дар Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва муофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Ҳусейнзода Наврӯз, мудири бахши тарбияи ватандӯстии Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон Қурбонзода Тоҷидин ва Маҳмадзода Ҷамшед сардори Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон вохӯрӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз тарафи масъулин қайд карда шуд, ки Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатӣ, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳои сокини ҷумҳури мебошад ва бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шудааст.
Дар соли 2010 бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон бунёди манораи бузурги парчам дар яке аз мавзеъҳои зеботарини пойтахти кишвар оғоз ёфт, ки дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид, ки мавзеи ҷойгиршавии он "Майдони парчам" номгузорӣ шуд, ки Парчами давлатӣ дар баландии 165 метр, паҳноии 30 метр ва бо дарозии 60 метр афрохта шуд, ки дар китоби рекордҳои Гинес шомил гардид.
Парафшонии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналхалқии универсалию минтақавӣ ифодагари эътирофи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун узви комилҳуқуқи онҳо мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши беназир бозад.
Дар охир як қатор афсарон барои хизматҳои содиқона дар назди давлату миллат бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg