
Имрӯз таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб маҷлиси назоратӣ доир гардид.
Дар маҷлис муовинони раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, мудирони шуъбаҳои ташкилӣ ва кор бо кадрҳо, молия, таблиғот ва иттилоот, кор бо занону ҷавонон, шуъбаи умумӣ, бахши омор, ҳайати эҷодии нашрияи ҳизбии “Ҳамрози халқ”, сармутахассисон ва мутахассисони шуъбаҳо иштирок доштанд.
Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро оид ба тағйироти кадрӣ дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон иттилоъ дод. Зикр гардид, ки дар мувофиқа бо Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Неъматзода Маликшо Маҳмадшо ба вазифаи муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шукрона Маҳмадализода таъйин гардид. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз эътимоду боварии роҳбарияти олии ҳизб ҷиҳати пешбарии кадрҳои ҷавон ба вазифаҳои роҳбарикунанда изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Шукрона Маҳмадализода дар иҷрои вазифаи пурмасъулияти ҳизбӣ муваффақиятҳо таманно намуд.

Дар идомаи маҷлиси назоратӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, аз масъулони шуъбаҳо оид ба фаъолияти онҳо дар ҳафтаи гузашта пурсон шуд. Баъди ҳисоботи мудирони шуъбаҳо раиси Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ҷиҳати беҳтар иҷро гардидани дастуру супоришҳо дар фаъолияти минбаъдаи ҳизбиён ибрози андеша намуд.
Сипас, Саидзода Ҷамшед Ҳамро вобаста ба дастуру супоришҳои узви Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ, раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид бобати дар рӯзҳои истироҳатӣ сафарбар намудани кормандони кумитаҳои иҷроияи вилоятии ҳизб ва шаҳру ноҳияҳо ба ҷамъоварии ҳосили пахта, тақвияти корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, роҳандозии аксияҳои ҳизбӣ дар доираи “365 рӯзи ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ” бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷалби бештари фаъолони ҷомеа ба сафи ҲХДТ, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангӣ бахшида ба санаҳои муҳими таърихии 6-уми ноябр Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 16 - уми ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 24-уми ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғибу ташвиқи ҷойҳои холии кории НБО “Роғун” миёни сокинон ибрози андеша намуд.
Ҳамчунин, дар идома Саидзода Ҷамшед Ҳамро, аз бандҳои протоколи назоратии ҳафтаи гузашта ёдовар шуда, таъкид кард, ки бандҳои протоколҳои ҳафтаинаро зери назорат қарор дода, сари вақт ба иҷро расонанд.
“Ҳамрози халқ”