БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ТАҚВИЯТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ БО УСУЛИ “ДЕҲА БА ДЕҲА ВА МАҲАЛ БА МАҲАЛ”

Кӯшониён: Санаи 30-юми сентябри соли 2025, бо мақсади расонидани мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вохӯрии гурӯҳи корӣ тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаи Хурсанди 2-и Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод баргузор карда шуд.
Вохӯрии гурӯҳи корӣ бо иштироки муовини раиси ноҳия Сафарбекзода Саидбек Сафарбек, Собиров Далер муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кӯшониён ва танзими ҷамоат доир гардида, баромадкунандагон оид ба мазмуну мӯҳтавои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон", масъалаҳои пешгирии омилҳои номатлуби ифротгароӣ, терроризму экстремизм, тақлиди фарҳанги бегона, пешгирии худкуши, худсузӣ ва хариду фурӯши одамон, муҳоҷирати меҳнатӣ, муқовимат вобаста ба савдои одамон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон шарҳу тавзеҳ доданд.
Инчунин дар бораи ташаккули худшиносиву худогоҳӣ, зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ,ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мубориза бар зидди коррупсия, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ, пешгирии нашъамандию нашъаҷалобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдӯстӣ ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ва ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, пешгирии вайрон кардани қоида ва меъёрҳои истифодабарии он, пешгирии омиҳои коррупсионӣ суханронӣ намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg