БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

МУМФАРШКУНИИ РОҲҲО ДАР ҲУДУДИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ПАХТАОБОД ИДОМА ДОРАД

ШАҲРИТУС: Бо мақсади беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллӣ ва шароити зиндагии аҳолӣ, дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи ноҳияи Шаҳритус корҳои мумфаршкунии роҳҳо бомаром идома доранд.
Ин иқдом бо ташаббуси сокинони ватандӯст, саҳмгузории соҳибкорони маҳаллӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия амалӣ гардида, нишондиҳандаи возеҳи эҳсоси масъулиятшиносӣ ва саҳмгузории мардум дар ободонии диёр мебошад.
Дар раванди кор аз техникаи махсус истифода шуда, қисмати зиёди роҳҳои дохилии деҳаҳо, ки қаблан вазъи нохуб доштанд, ҳоло мумфарш гардида, ба талаботи рӯз мутобиқ гардонда мешаванд. Мақсад — осон гардонидани рафтуомади мардум, бахусус дар фасли боришот ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии сокинон мебошад.
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус чунин ташаббусҳоро ҳамчун намунаи хуби худташкилдиҳӣ ва саҳмгузории сокинон дар рушди маҳал ҷонибдорӣ намуда, ба тамоми шахсони саховатманд, ки дар ободонии Ватан саҳм мегузоранд, изҳори сипос мекунад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg