
ҚУБОДИЁН: Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "КАТС" маҷлиси ҷамъбастии нуҳмоҳа бо иштироки муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Фирдавс Мардонов, мудири шӯъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Абдулов Искандар ва мудири бахши омори КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Саидмуродова Нилуфар доир гардид.
Нахуст, раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Файзуллозода Карим вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ давоми нуҳ моҳи соли 2025 ҳисобот дод. Мавсуф қайд намуд, ки ташкилоти ибтидоии “КАТС” дар тӯли нуҳ моҳи сипаригардида корҳои муайянеро ба анҷом расонида, дар оянда низ барои татбиқи ҳадафҳои созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош хоҳад варзид.
Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён Мардонов Фирдавс вобаста ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ нуҳмоҳаи соли равон андешаҳои хешро изҳор дошта, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш арзёбӣ кард. Дар охири маҷлис таъкид гардид, ки мо мардуми шарифи Тоҷикистон дар остонаи санаҳои муҳими таърихии Ваҳдати миллӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки ин ҷашнҳои дар пешистодаро бо роҳандозии корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар ободиву сарсабзии сарзамини аҷдодии хеш саҳми арзанда гузорем.