
КӮЛОБ: Ҳашари пахтачинӣ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Кормандони масъули ҳизбӣ ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бо рӯҳияи баланд ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар паҳлуи деҳқонон истода, саҳми худро дар ҷамъоварии пахта гузоштанд.
Чуноне ки борҳо таъкид шудааст, пахта барои иқтисодиёти кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум манбаи муҳими даромад ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, саҳми аъзои ҳизб дар чунин маъракаҳои муҳим на танҳо кӯмак ба кишоварзон, балки изҳори ҳамбастагӣ бо заҳматкашони саҳро мебошад.
Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон аз халқ ва бо халқ!