БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

ЛИБОС ВА ЛАВОЗИМОТҲОИ ВАРЗИШӢ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛИ ҲИЗБӢ БА ҶАВОНОНИ ДЕҲАИ ГУЛИСТОНИ Ҷ/Д ЗАРБДОР ТАҚДИМ ГАРДИД.

КӮЛОБ: Дар деҳаи Гулистони шаҳри Кӯлоб бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Музафарзода Муҳаммад ва Вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз ҳавзаи интихоботии №24 Мираҳмадов Ғайраталӣ бо наврасону ҷавонон вохури доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои зерин сухан гуфта шуд.
1.Вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ҷаҳон;
2.Хизмати ҳарбӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3.Пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва хатарҳои ҷомеа;
Зимни вохӯрӣ ҳозирин қайд намуданд, ки ҷавонони даврони истиқлол, ки дар чунин як айёми созандагиву бунёдкорӣ, оромиву амният ва айёми гулгулшукуфии Ватан ба дунё омада, камол ёфта истодаанд, бояд ба қадри ин ҳадяи гаронбаҳои сарнавишт мамлакати тинҷу осуда, роҳбари хирадманду дурандеш, ки пайваста дар пайи ғамхории насли ҷавон аст, бирасанд. Ватани маҳбуби худро дӯст доранд, ҳамеша аз пайи ободию осудагии кишвар камари ҳиммат бубанданд. Аз рӯи рушду тарбия, дониш, ҷаҳонбинӣ ва ватандӯстии ҷавонон ояндаи давлат муайян мешавад. Вақте сухан дар бораи хизмат ба Ватан меравад, пеш аз ҳама, нигоҳҳо ба ҷавонон равона мешаванд. Зеро ҷавонон ҳам нерӯ доранд, ҳам ақл, ҳам ҷавонмардиву ғайрат — чизҳое, ки барои хизмати содиқона ба Ватан заруранд.
Яке аз намоёнтарин намунаи хизмат ба Ватан барои ҷавонон — хизмати ҳарбӣ мебошад. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амнияту субот нақши калон доранд. Ҳимояи Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи оромии халқ ва сарҳади давлатӣ вазифаҳои асосии Артиши миллӣ маҳсуб меёбанд.Ҷавон, вақте ки дар хизмат аст, на танҳо таҷриба меандӯзад, балки худро ҳамчун як шаҳрванд бо масъулияти баланди ватандорӣ месанҷад. Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳ ва аҳамияти хосса медиҳанд, зеро сол то сол насли ҷавону наврас ба як қувваи неруманд табдил ёфта истодааст.
Ҳамзамон қайд гардид, ки соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҳамчун самти муҳими ҳаёти ҷамиятию давлатдорӣ доимо дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаазами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҷиҳати омавигардонии варзиш дар кишвар Пешвои миллат дар паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулон супоришҳо доданд.
Дар навбати худ ҷавонон мидатдории хешро ба роҳбарияти Олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вакили ҳизбӣ баён намуданд.
 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg