
КӮЛОБ: Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, дар деҳаву маҳалаҳои шаҳр инчунин оид ба қарори маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз 14-уми августи соли 2025, №11 дар бораи эълон намудани иқдоми "365 рӯзи ташаббусҳои ободонӣ, созандагӣ ва бунёдкорӣ" дар байни ташкилотҳои ибтидоӣ ва аъзоёни ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори таҷлили сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо мақсади тозаву озода ва зебо гардонидани ҳар як гӯшаву канори Ватани азизамон дар шаҳру деҳоти Кўлоб пайваста корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ намуда, гирду атрофи биноҳои маъмурӣ ва истиқоматӣ тоза карда шуданд.
Шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб