БАРОИ ПЕШРАФТ ВА САОДАТИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН

АКСИЯИ “МАН БА ХИЗМАТ МЕРАВАМ”

26 сентябр бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилоят Аксияи ҳизбӣ зери унвони “Ман ба хизмат меравам” баргузор гардид.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин Аксия пеш аз ҳама ҳавасманд намудани ҷавононе, ки дар таъвати тирамоҳӣ аз ҷониби кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешавад, мебошад.
Мавриди зикр аст, ки дар ин Аксия ҷавонони ихтиёрие, ки аз ҷониби  кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, сафарбар мегарданд, даъват шуданд.
Нахуст, суҳбати самимии раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Саидзода Ҷамшед Ҳамро, бо ҷавонону намояндагони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру ноҳияҳо сурат гирифт. Аз ҷумла зикр кард, ки дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, Генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади роҳнамо сохтани ҷавонон ба шуҷоатмандию далерӣ, дӯст доштани обу хоки диёр ва инчунин баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии онҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон пайваста чунин ташаббусҳо ва чорабиниҳои сиёсию фарҳангиро доир менамояд.
Воқеан ҳифзи марзу буми кишвар, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими Истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавон ва шаҳрванд мебошад. Хушбахтона имрӯзҳо дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва талошҳои ҳамҷонибаи Роҳбари давлат, инчунин ҳукумати кишвар шароити хурду хӯрок, машқу тамрин ва буду бош дар қисмҳои низомӣ ба маротиб боло рафтааст.
Шумо ҷавонони хушбахти даврони Истиқлол ҳастед, ки дар як фазои амну ором, хусусан дар ватани азизи худамон хизмат мекунед. Шумо сарбозони оянда ҳастед, ки марзу буми кишварро аз душман ҳифз менамоед.Чунин ташаббусиҳои ҳизбиро дар шаҳру ноҳияҳои худ ба дигарон расонед ва ҳамсолони худро ба хизмати Ватан-Модар даъват намоед”,-ироа дошт, раиси Кумитаи вилоятии ҳизб.
Дар фарҷоми суханронӣ Саидзода Ҷамшед Ҳамро минатдории хешро ба ҳар як волидони ҷавонони даъватшуда ҷиҳати сарфарбар намудани фарзандонашон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон расонид.
Бояд қайд кард, ки дар вазъияти тантанавӣ ба ҷавонон туҳфа ва шаҳодатномаи “Сарбози ихтиёрӣ” супорида шуд. Сипас, ҷиҳати воқиф гардидан аз таъриху фарҳанги пурғановати миллати куҳанбунёди тоҷик ва шинос шудан бо шароити будубоши сарбозону афсарон аз осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” ва боздид ба амал оварданд.
Нахуст, дар осорхонаи таъриху кишваршиносии вилояти Хатлон ба номи “Авасто” доир ба фарҳангу тамаддун ва зиндагӣ дар асрҳои гуногун, инчунин ҷолибияти экспанадҳо маълумот гирифта, баъдан ба қисми низомии 3503-Қушунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар рафта, бо шароити буду боши сарбозону афсарон аз наздик шинос шуданд.
Инчунин, дар қисми низомӣ Меҳроҷ Раҳимзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Идибек Шарифзода, мудири бахши кор бо ҷавон ва варзиши вилояти Хатлон бо ҷавонону меҳмонон доир ба дастовардҳои соҳибистиқлолии кишвар ва масъулияти ҷавонону наврасон дар роҳи расидан ба муваффақияту муазафариятҳо суҳбати самимӣ анҷом доданд.
“Ҳамрози халқ”

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: info@hkhdtkhatlon.tj

viloyathkhdtkhatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-94-19
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg