
ТЕМУРМАЛИК: Барои ҷалби аъзои нав ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик мунтазам корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки шахсони сазовору арзанда ба сафи ҳизб қабул карда шаванд.
Як нафар шаҳрванд аз ташкилоти ибтидоии ҳизбии Давлатшоёни Ҷамоати деҳоти Кангурт, ки хоҳиши ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дошт аризаи худро пешниҳод намуда ва аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик аризаи пешниҳодгардидаи уро дида баромада ва имрӯз аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Валиев Баҳоваддин Шаҳодатномаи ҳизбии ӯро дар як вазъи тантанавӣ супорида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан барои ҳар як шаҳрванд ва ҷавонон шараф аст.
Масъулин бо аъзоёне, ки нав ба сафи ҲХДТ аъзо мегарданд суҳбат намуда, таъкид менамоянд, ки бояд ҳар як аъзои ҳизб дар корҳои тарғиботию ташвиқотӣ фаъол бошанд.